logo

Хабарҳо

ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  бо иштироки намояндагони Агентии назорати  давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсия роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи   нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид.
Муовини  якуми  раиси кумита  Шараф Шерализода ва корманди  масъули Агентии назорати  давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсия Дилшод Акобирзода дар суханрониҳои хеш, аз ҷумла зикр намуданд, ки  Паёми Президенти  мамлакат  дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи  навини Тоҷикистонро муайян намуда, ҳамчун санади муҳим дар таҳкими сохти давлатдорӣ, таъмини субот, пешрафту шукуфоии  кишвар ва фароҳам овардани  зиндагии шоиста ба мардум нақши бориз дорад.
Гуфта шуд, ки тайи ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 7 дарсад таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45, 6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ расид. Дар ин давра ҳаҷми даромади Буҷети давлатӣ қариб ду баробар афзуда, 23 миллиард сомониро ташкил дод. Даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнат 2,4 баробар афзуд. Сатҳи камбизоатӣ бошад, то 27, 5 дарсад поин фуромад.
Зикр шуд, ки алҳол  мамлакат дар давраи анҷомёбии марҳалаи аввали «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва оғози марҳалаи дуюми он қарор дорад. Дар ин росто, Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххас амалӣ месозад.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш таъкид шуд, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи ҷомеа  буда, метавонад сабаби коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Дар ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Муқовимат бо коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 258
06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед