logo

порлумон

ШАРИФҶОН ҲАКИМЗОДА. НОМЗАДЕ АЗ ХОНАДОНИ МАЪРИФАТПАРВАР

Шарифҷон Ҳакимзода дар оилаи шоир ва рӯзноманигори маъруфу маҳбуби кишвар Саидҷон Ҳакимзода ба дунё омадааст. Ҳамон шоире, ки худ борҳо таъкид менамуд: аз пушти қалам нон хӯрдааст. Бешак, дар чунин хонадон, ки маърифат дар он мақоми асосиро дошту дорад, ба дунё омадану тарбия гирифтан таъсири неку мусбати худро ҳатман мегузорад.

Нахуст ӯ дар ин хонадон – ин  мактаб ба асрори илму маърифат, шеъру адаб ва ахлоқи ҳамида роҳ ёфт ва ҳақу ботилро шинохт. Ба василаи раҳнамоӣ ва сабақҳои падар ба зиндагии мардум, мушкилоти онҳо аз наздик ошно шуд. Бар замми ин донист, ки кас ҳамчун инсони асил чӣ рисолате дар зиндагӣ дорад ва чӣ гуна метавонад дар иҷрои ҳалли мушкилот камари ҳиммат бибандаду тадбирандешӣ бикунад.
Ҳар як шеъри падар барояш на танҳо як дарси зиндагӣ маҳсуб мешуд, балки дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ парваришаш медод.
Шарифҷон баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ идома дод, дар ҳамон донишгоҳе, ки падар онро хатм карда буд, узви фаъоли маҳфили адибонаш ба шумор мерафт. Ӯ чун падар бо хониши аъло, иштироки фаъолона дар маҳфилҳо ва ташаббусҳои наҷиб дар миёни донишҷӯёну омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ зуд маҳбубият пайдо кард.
Баъди хатм фаъолияти корияшро аз омӯзгори одӣ оғоз бахшида, то муовини сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дод. Муддате чанд дар рӯзномаи вилоятии “Хатлон” низ ходими шуъбаи маънавиёт шуда кор кард. Маҳорати ташкилотчигӣ ва ташаббускорияш бештар ошкор гардид. Дар муомила ва муошират барои дигарон намунаи ибрат шуд. Аз ин рӯ, барои кор ба Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб дар вазифаи мудири бахши протоколӣ даъваташ карданд. Бо кордонӣ ва фаъолияти назаррас, дониши кофӣ эътибору эътирофи зиёди ҳамкорону мардумро соҳиб шуд.
Кор дар рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ӯро бештар ба пайдо кардани ҳалли мушкилот ошно сохт. Пайваста бо матлабҳои таҳлилӣ дар ин давра дар саҳифаҳои рӯзнома баромад мекард. Аз онҳо баръало равшан мегардид, ки як нафар шахси корозмуда, таҷрибаандӯхта ва таҳиягар барои Ватан, мардум содиқона хидмат менамояд. Инчунин, ба сиёсат ошноии комил дораду соҳиби мавқеи устувор мебошад. Ва ҳам саъяш бар он аст, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, шинохти асл ва ҳувияти миллӣ дуруст тарбия биёбад. Баробари дар заминаи вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ташкил ёфтани вилояти Хатлон ба бахши протоколии он ба кор даъваташ карданд. Дере нагузашта донишу малака, маҳорату истеъдод ва қобилияти кордониашро дида ба ҳайси мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи вилояти мазкур таъйинаш намуданд.
Пас аз чанд муддат роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) таъйин гардид. То ҳанӯз дар хотираи сокинон чун роҳбари мушфиқу ғамхор ва дар иҷрои масъалаҳои мураккаб мутахассиси варзида боқӣ мондааст.
Мурод аз роҳбарӣ, фаъолият дар ин ё он вазифаи масъулиятнок хидмати софдилона ба мардум намудан мебошад. Инчунин, кас дар пешрафт, ободии як гӯшаи кишвари азизаш ҳатман бояд саҳм бигирад, - мегуфт ӯ зимни суҳбатҳо.
Ҳеҷ нафареро наметавон пайдо кард, ки аз фаъолияташ, муносибаташ боре шикоят намуда бошад. Не, баръакс, бисёр розиянд ва тавсифаш менамоянд. Ҳатман аз ин ё он дастгирияш, раҳнамоияш ва ҳалли ягон масъалаи мураккаб ёдовар мешаваду қаноатманд буданашро бо ифтихор изҳор медорад.
Баъдтар барои кор ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе даъват шуд. Дар дастгоҳи марказии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан» - и Тоҷикистон чанд муддат ба ҳайси корманди масъул ва ҳамзамон муовини раиси Кумиҷроияи ибтидоии озоди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият намуд. Дар ин ҷо низ бо маҳорати кордонӣ зуд шуҳрат ёфту маҳбубият пайдо кард. Ба эътибори ташаббускориву ташкилотчигӣ соли 2014 мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъйин гардид.
Инак, Шарифҷон Ҳакимзода номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб – № 37 пешбарӣ шудааст. Албатта, хидматҳои зиёдашро интихобкунандагон хуб медонанд. Ва ҳам медонанд, ки ба инсони саропо меҳр, дӯстдори ин сарзамин ва содиқ ба сиёсати давр овози худро медиҳанд. Оре, ба он хотир, ки аз манфиатҳои ин мардум, сокинони шаҳр зимни қабули қонунҳо ҳимоя хоҳад кард.
Онҳо, дар ҳақиқат, раъяшонро ба нафаре медиҳанд, ки соҳиби хирад, ақлу заковат, зираку ватандӯст мебошад. Дар шинохти ин гуна кас, ки бешак, Шарифҷон Ҳакимзода аст, ҳаргиз хато нахоҳанд кард.
Дар барномаи пешазинтихоботии ӯ фаслҳои пурмуҳтаво зиёданд, ки барои ободӣ, шукуфоӣ ва беҳбудии зиндагии интихобкунандагонаш равона шудаанд. Ӯ ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз наздик ошноӣ дорад ва медонад, ки нахуст ба кадом масъалаи муҳими ҳалталаб рӯ биёрад.
Ба яқин, дониш, таҷрибаи ғанӣ ва пайравии собитқадамонааш аз сиёсати давлатсозу миллатсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои ин мақсадҳову нақшаҳои бузург ба ӯ ёрӣ мерасонанд.

Ғайбулло ҲАЛИМОВ,
Абдулқодири РАҲИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2020    №: 43    Мутолиа карданд: 2965
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед