logo

Хабарҳо

“ГАНҶИ СУХАН”. ҲАМОИШЕ, КИ МАЪРИФАТ МЕАФЗОЯД

 Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бахшида ба ҷашни милоди ду нафар устоди сухан: муаррихи номвар, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  профессор Усмонҷон Ғаффоров ва рӯзноманигору адиб, собиқ мухбири рӯзномаи “Ҷумҳурият”Аюб Кенҷа  дар деҳаи номдори Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, адибону муҳаққиқон ва дӯстдорони илму адаб баргузор шуд. Ҳузури олимону адибон аз маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ба маҳфил шукӯҳу манзалати тоза бахшид.
Маҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ намуд. Зикр кард, ки баргузории маҳфил дар муҳити деҳот имкон фароҳам меорад дар густариши фазои фарҳангиву адабӣ ва илмии он нақше гузорад. Махсусан, ҷашни милоди ду нафар зодагони ин деҳа, ки дар қаламрави кишвар маъруфият доранд,   арзиши баланди фарҳангиву адабӣ ва тарбиявиро дорост.
Муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода изҳор кард, ки маҳфили “Ганҷи сухан” бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли равон нишастҳои худро дар деҳот баргузор менамояд ва дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мо баргузор шудани он басо рамзист. Нақши ин ду нафар  дар рушди илму адаби кишвар ниҳоят бузург буда, осорашон арзандаи таҳқиқ ва омӯзиш аст.
 Аз ҷониби муҳаққиқону адибон дар хусуси мақому манзалат ва хидматҳои муаррихи номвар Усмонҷон Ғаффоров изҳори назар карда шуд. Сипас, дар мавзӯи “Аюб Кенҷа – адиб ва рӯзноманигори соҳибназар”номзади илмҳои филология, сардабири ҳафтавори “Хуҷанд” Ӯғулой Қоситова суханронӣ кард. Ӯ бо зикри хидматҳои шоёни ин қаламкаш изҳор дошт, ки ин адибу рӯзноманигор бо нигоштаҳои худ дар инъикоси ҳақиқати зиндагии ҷомеа хидмати шоиста анҷом дода ва чун устоди касби хеш ном баровардааст. Композитсияи адабии “Ифтихори мо”, ки аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷро гардид, ифодагари ҳаёт ва фаъолияти шоиста ва пурифтихори ин ду соҳибҷашн буд.
Ҳозирин аз “Минбари шеър”- и маҳфил адибони ҷавон Дилором Солибоева, Насимбек Қурбонзода, Родмеҳри Сулаймон шеърҳои нави худро қироат карданд. Ҳунармандони маъруфи вилоят бо  оҳанг ва сурудҳои дилнишин ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшиданд.
Заррина КАРИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 342
06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед