logo

Хабарҳо

ХАТМКУНАНДАГОНИ БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТИҶОРАТӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД

Дар БМТ ба иштирокдорони “Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ”, ки дар доираи ҳамкории шарикии Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) амалӣ гардид, дар ҳузури муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова,  муовини директори департаменти БАТР  оид ба кор бо институтҳои молиявӣ ва Осиёи Миёна Ҷаҳонгир Шамсиев, муовини роҳбари Барномаи дастгирии молиявии тиҷоратӣ дар кишварҳои аъзои БАТР Камола Маҳмудова, иқтисодчии БАТР оид ба минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Қафқоз Константин Кинтсурашвили, мутахассиси кор бо институтҳои молиявии намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Юсупов  ва намояндагони институтҳои молиявии кишвар сертификат супурда шуд.
Зиёда аз 200 нафар корманди ташкилотҳои қарзӣ соҳиби сертификати Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal)  шуд, - иброз дошт  Ҷамолиддин Нуралиев. Бояд зикр кард, ки иштирокчиёни ин барнома мутахассисони соҳаи бонкӣ дар бахши маблағгузории савдо, алоқа бо ҷомеа, ҳуқуқшинос ва мутахассиси идораи хавфҳо шуданд. 
Ҷамолиддин Нуралиев иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ин гуна ташаббусҳои ташкилотҳои молиявии байналхалқиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва умед бар он дорад, ки БАТР дар оянда низ ташаббускори ташкили чунин барномаҳо барои бахши молиявии Тоҷикистон хоҳад шуд.
Соли 2019 дар курсҳои омӯзишии онлайнӣ, ки аз ҷониби “Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ”- и БАТР пешниҳод гардидааст, беш аз 500 нафар мутахассис аз низоми бонкии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд ва 200 нафари онҳо марҳилаи якуми омӯзиш дар самти “Асосҳои маблағгузории тиҷоратӣ” ва курсҳои якҷояи БАТР бо Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal)  - ро бомуваффақият ба итмом расонданд.
Иштирокдорони барнома дар бахшҳои маблағгузории тиҷоратӣ, робита бо ҷомеа, ҳуқуқшиносӣ, амалиёти бонкӣ, идораи хавфҳо, маблағгузории савдои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои гуногуни низоми бонкӣ дониши худро мукаммал гардонданд. Роҳандозии курсҳои омӯзишии “Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ” имкон дод, ки иштирокдорон бо маҳсулот ва раванди маблағгузории тиҷоратӣ, аз ҷумла тартиби мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз наздик шинос шаванд.
Иштироки беш аз 500 нафар дар барномаҳои таълимии онлайнии БАТР  аз ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, нисбат ба дигар кишварҳо нишондиҳандаи аз ҳама баланд ба ҳисоб рафта, аз он шаҳодат медиҳад, ки мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки савияи дониш ва малакаи касбии хешро такмил диҳанд. 
Онҳое, ки курсҳои мазкурро бо баҳои аъло хатм менамоянд, имкон пайдо месозанд, ки таҷрибаомӯзии худро дар бонкҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва палатаҳои савдои байналмилалии Аврупо гузаронанд.
Барномаи омӯзиширо Фонди махсуси саҳомони БАТР маблағгузорӣ менамояд. Донишҷӯён бо идрорпулӣ таъмин гардида, баъди анҷоми 12 моҳи омӯзиш ба онҳо шаҳодатномаи байналмилалӣ дода мешавад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 233
06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед