Хабарҳо
НОБИҒАИ ТЕННИСИ РОССИЯ КОРНОМААШРО ХОТИМА ДОД
Собиқ ракеткаи якуми ҷаҳон Мария Шарапова дар синни 32-солагӣ ба корномаи варзишиаш нуқта гузошт.
Мария тӯли фаъолияти пурсамараш панҷ карат барандаи мусобиқаҳои «Тоскулоҳи бузург» (Уимблдон 2004, ИМА – 2006, Австралия – 2008, Франсия – 2012 ва 2014) гардида, дар 39 мусобиқаи WTA ғолиб омадааст.
Инчунин, соли 2008 дар ҳайати мунтахаби Россия соҳиби Ҷоми федератсия шуда, соли 2012 дар шаҳри Лондон медали нуқраи Бозиҳои олимпиро ба даст меорад.
5-УМИН ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Бо мақсади таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ, рушди намудҳои миллии варзиш, ҳамзамон, таъмини солимии ҷомеа бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи футболи Тоҷикистон 5-умин Фестивали бозиҳои миллии варзиш баргузор мегардад.
Барномаи фестивал аз бозиҳои расмӣ – гӯштигирӣ (миллии суннатӣ), чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (давидан ба масофаҳои 200, 400, 800 метр), шоҳмот, бандкашӣ ва намоишӣ – хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камолғулак, фалағмолпартоӣ, ҳойталаку бандпарак иборат аст.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, марҳилаи аввали фестивал бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар ноҳияҳо ва шаҳрҳо моҳи март, даври дуюм бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар минтақаҳо ва вилоятҳо моҳи май баргузор шуда, он моҳи сентябр бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1909