logo

порлумон

ИНТИХОБОТ ВА ҶИЛОИ АРЗИШҲОИ ДЕМОКРАТӢ ДАР КИШВАРИ ОЗОД

Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Баргузории интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар рӯзи 1 март фазои мутантану идонаеро дар худ таҷассум намуд, ки нишони ҳамраъйии амиқи мардуми шарифи тоҷик аз сиёсати озодандешиву саодатофари давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Гузориши хабарнигорони «Ҷумҳурият» аз рафти баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки фарогири тамоми минтақаҳои кишвар буд, далолат бар он дорад, ки интихобот дар фазои озоду шаффоф сурат гирифта, сокинони мамлакат аз субҳи барвақт бо рӯҳи болидаву ифтихор аз Ватани маҳбуби хеш ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир мешуданд.
Бо садо додани Суруди миллӣ ва карнаю сурнай боз гардидани дари қитъаҳои овоздиҳӣ ба рӯи интихобкунандагон ва бо гулдаста истиқбол намудани онҳое, ки бори аввал дар чунин маъракаи сиёсӣ ширкат меварзанд, интихоботро фазои хоси идона бахшид, ки шояд то кунун кам иттифоқ афтодааст. Дар ин рӯзи таърихӣ дари 3412 участкаи интихоботӣ дар саросари ҷумҳурӣ аз соати 6:00 субҳ то 20:00 ба рӯи сокинони дорои ҳуқуқи раъйдиҳӣ боз буд.
Бо ҳамин тартиб шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ тавонистанд, дар интихобот ширкат варзанд. Вазорати корҳои хориҷӣ нимаи рӯз аз иштироки фаъоли шаҳрвандон дар хориҷи мамлакат хабар дода, афзуд, ки дар сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон барои иштироки шаҳрвандон дар интихобот тамоми шароити зарурӣ фароҳам гардидааст. Чунончи, бо мақсади таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандоне, ки муваққатан ё ба таври доимӣ берун аз кишвар қарор доранд, дар 39 муассисаи дипломативу консулии Тоҷикистон дар Австрия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Беларус, Белгия, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Кувайт, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Малайзия, Миср, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Федератсияи Россия Туркия, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистон, Фаронса, Ҳиндустон, Чин, Ҷумҳурии Корея, Швейтсария, Эрон ва Япония қитъаҳои интихоботӣ таъсис шудаанд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се соат бо пешниҳоди гузориш аз рафти интихобот мардумро дар ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ қарор дод. Аз ҷумла, соати 9:00 КМИР дар ҳузури доираи васеи хабарнигорон эълон намуд, ки давоми се соати аввал дар саросари мамлакат аз шумораи умумии интихобкунандагон 1 миллиону 150 ҳазору 37 нафар ё 23,4 дарсад раъйи худро ба тарафдории аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои мавриди назарашон ба қуттиҳои овоздиҳӣ рехтанд. Ин шумора дар соати 12:00 ба 2 миллиону 323 ҳазору 516 нафар ё 47,1 дарсад расида, соати 15:00 аз марзи 75 дарсад (3 миллиону 703 ҳазору  969 нафар) гузашт ва дар пайи он Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ, интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон намуд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои КМИР дар ҷумҳурӣ барои интихобот 4 миллиону 900 ҳазор овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки зиёда аз 50 дарсади интихобкунандагон дар он ширкат варзида бошанд.
Иштироки озодонаи интихобкунандагон ва ширкати 236 мушоҳиди байналмилалӣ аз ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи САҲА, Комиссияи интихоботии дигар давлатҳо, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва 4910 мушоҳиди миллӣ дар раванди интихоботро Бахтиёр Худоёрзода, далели ошкоро ва шаффоф баргузор гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, бояд гуфт, ки рафти баргузории интихоботро наздик ба  300 намояндаи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ лаҳза ба лаҳза дар расонаҳои худ инъикос карданд.
Мушоҳидаи хабарнигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” низ дар ҳамаи участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ нишон дод, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ, воқеан, дар фазои озоду ошокоро, дарки масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва бидуни монеагузориву риояи ҳуқуқи интихобкунандагон доир гардид, ки намунаҳое аз онро манзури хонандагон мегардонем. 

ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Интихобот барои мардум ид буд
Дар Тоҷикистони соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи асосии ҳокимияти давлатӣ будани халқ рӯзи 1 март бори дигар тасдиқи худро ёфт. Зеро кӯчаҳои Душанбешаҳр қабои идона гирифта, мардум бо чеҳраи кушоду рӯҳи болида роҳ ҷониби участкаву ҳавзаҳои интихоботӣ гирифта буданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт истиқлолияти андеша тантана дошту пиру барнои он раъйи худро баҳри фардои дурахшони Ватан муҳим мешумурданд.
Тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, ҳар як участкаю ҳавзаи интихоботии ноҳия аз дигараш серодамтару пурҷӯштар буд. Ҳанӯз дар соатҳои аввали овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботии № 14 ва 16 ва ҳавзаи интихоботии № 15 воқеъ дар гимназияи № 74 шумораи зиёди итихобкунандагон раъйи худро доданд. Соҳиб Тоҳиров, сокини 78 – солаи ноҳия, дар суҳбат бо мо гуфт, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботии номзадҳо иштирок кардаву дар бораи ҳар кадоми онҳо маълумот дорад ва мутмаин аст, ки номзадҳои интихобкардааш дар сурати пирӯзӣ дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд.
Ба назари сокини дигари ноҳия Абдураҳим Камолов ин интихобот аз интихоботҳои дигар тафовути куллӣ дорад: “Ман дар ҳамаи интихоботҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ширкат варзидаам. Ҳамчун интихобкунанда ҳаминро гуфтаниам, ки баргузории ин маъракаи сиёсӣ рӯз ба рӯз беҳтару ҷиддитар мегардад. Инро метавон аз муносибати мардум пай бурд. Бубинед, ки онҳо барои овоздиҳӣ чӣ гуна талош доранд, яъне ин боварии мардум ба ҳокимият аст”.
Чун ба участкаи интихоботии № 7 - и ноҳия расидем, таваҷҷуҳи моро бонуи солманде, ки 85 - умин баҳори умрашро истиқбол мегирад – Моҳбӣ Абдуллоева ҷалб кард. Ин зани рӯзгордида, ки замоне пешсафи пахтачинон буду замоне дар заводу фабрикаҳои чӯббарорӣ кор карда, дирӯзу имрӯзи Тоҷикистонро бо чашми сар дидааст, ба солхӯрдагӣ нигоҳ накарда, то участкаи интихоботӣ омад.
- Шукри тинҷию оромӣ, шукри осудагии мардум. Мо ин хел зисту зиндагониро орзу мекардему халос. Омадам, ки барои ояндаи неки Тоҷикистон овоз диҳам, - гуфт ӯ. 
Дар участкаҳои интихоботии № 9 ва 7 бошад, интихобкунандагон дар даст блютенҳои интихоботӣ яке паси дигаре нав-бат меистоданд. Ба таъкиди раиси участкаи интихоботии №9 оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Фотеҳ Аминов, дар ин участка корҳои ташкилӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ аз 13 январ оғоз ёфта, 2 ҳазор шаҳрвандро сабти ном кардаанд, ки 35 нафари он бори аввал овоз медиҳад.
Ба андешаи Ҳамидуллохон Фақеров, раиси комиссияи участкавии интихоботии № 7, муташаккилона ба интихобот пайвастани халқ гувоҳи он аст, ки онҳо ба ин маърака, ки сохтори қонунгузории ҳокимиятро ташкил мекунад, бетараф нестанд. Ва бояд ҳам чунин бошад, зеро онҳое, ки аз маҷлисҳои маҳаллӣ сар карда, то Маҷлиси намояндагон интихоб мешаванд, бо мавқеи хоси худ дар ҷараёни қонунгузорӣ фаъолона иштирок намоянд.
Субҳи босафои 1 март даромадгоҳи бинои  Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, ки дар он ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Сино № 4 ва ҳавзаи интихоботии вакилони Маҷлиси халқи шаҳри Душанбе № 47 воқеъ гардида буданд, фазои идона ба бар дошт. Дар саҳни бино санъаткорони ин боргоҳи ҳунар бо созу сурудҳои марғуб хотири интихобкунандагонро болида медоштанд.
Гурӯҳ – гурӯҳ шаҳрвандон вориди бино мешуданд. Онҳоро масъулон ва волонтёрҳо бо чеҳраи кушод истиқбол гирифта, ба қитъаҳои овоздиҳӣ раҳнамун месохтанд. Мӯсо Асозода, раиси ҳавзаи  ҳудудии якмандатии интихоботии Сино № 4, дар суҳбат бо мо аз табъи хуши интихобкунандагон истиқбол кард ва гуфт, ки то соати 9 аллакай 32 дарсади интихобкунандагон овоз доданд. Аз шумораи умумии интихобкунандагони ин ҳавза 72 нафар бори аввал дар интихобот иштирок карданд, ки онҳоро бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.
Вақте ки ба участкаи интихоботии № 48 – и ҳавзаи интихоботии  ҳудудии  якмандатии  Сино  № 4 ва участкаи интихоботии № 77 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳия воқеъ дар даромадгоҳи бинои барҳаво ва зебои  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 97-и маҳаллаи Ободкорон омадем, омаду рафти интихобкунандагон идома дошт. Дар саҳни мактаб китобҳои таърихӣ ва осори шоирону нависандагони классику муосири тоҷик ба намоиш гузошта шуда буданд.
Фаридун Ойзода, иҷрокунандаи вазифаи директори муассисаи мазкур, раиси участкаи интихоботӣ, зимни суҳбат иброз дошт, ки онҳо барои муташаккилона ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар маҳалла корҳои тарғиботиву ташвиқотиро хуб ба роҳ монданд. Аз ин ҷост, ки то соати 11 беш аз 50 дарсади интихобкунандагон овоз доданд.
Сокинони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур низ субҳи барвақт ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир гардида, дар фазои орому идона ба ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои арзанда овоз доданд. Тавре Комил Шарифов, раиси комиссияи ҳавзаи якмандатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ № 2, зимни суҳбат иттилоъ дод, дар ин ҳавза 53 участка барои ҷамъоварии раъйи мардум таъсис дода шудааст.
- Интихобот ба таври шаффоф баргузор гардида, мардум бо рӯҳияи баланд овози худро ба тарафдории шахси арзанда дода истодаанд. То соати 11:30 дақиқа 44 ҳазору 600 нафар ё 54,1 дарсади интихобкунандагон аллакай ба участкаҳо ҳозир гардиданд. Шумораи умумии раъйдиҳандагони ҳавза 82 ҳазору 440 нафар буда, 12 ҳазору 223 нафарашон бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат меварзанд. Инчунин, 624 нафар шахси маъюб, иштирокчии ҷанг ба қайд гирифта шудааст. Барои беморон ва шахсони имконияташон маҳдуд аз тарафи участкаҳои интихоботӣ куттиҳои сайёр омода гардидааст, ки онҳо имкон доранд, дар манзилҳояшон овоз  диҳанд, - афзуд мавсуф.
- Интихобот дар ҷомеаи демократӣ падидаи муҳим маҳсуб меёбад, - иброз дошт сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ Толибҷон Фозилов. - Иштироку таваҷҷуҳи имрӯзаи мардум дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо  барои ояндаи давлату миллати худ бетараф нестанд ва бо интихоби ҳизби сиёсӣ ва номзади арзандаи хеш дар  пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузоранд.
Тавре мушоҳида намудем, насли калонсоли мамлакат  низ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъол буданд. Ба андешаи сокини 82 – солаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Давлатбек Шарифов: “Имрӯз ҳар як сокини худшиноси ҷумҳурӣ дар чунин маъракаҳои муҳими сиёсӣ бояд фаъолона ширкат варзида,  қарзи шаҳрвандии худро иҷро намояд. Зеро интихобот маъракаест пешбарандаи ҷамъият. Аз ин рӯ, ҳама саҳми худро бояд дар интихобот гузорад”.
Ба иттилои Фаридун Ҳакимзода, раиси комиссияи ҳавзаи якмандатии ноҳияи Шоҳмансур № 3, дар ин ҳавза 92 ҳазору 703 интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки 2120 нафараш бори аввал овоз медиҳад. Барои раъйдиҳии сокинон дар ҳавза 54 участка фаъолият дошта, шароити мусоиди овоздиҳӣ дар ҳамаи онҳо фароҳам аст. Хусусан, барои шахсони имконияташон маҳдуд кабинаҳои алоҳидаи овоздиҳӣ ва ҷиҳати бе монеа ворид шудан ба бинои участка тариқи аробачаҳои маъюбӣ гузаргоҳҳои махсус низ сохта шудаанд.

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Раъй барои ояндаи дурахшон
Интихобот дар вилояти Хатлон дар сатҳи баланди ташкилӣ ва дастаҷамъии мардум сурат гирифт. Тибқи мушоҳидаҳое, ки мо рӯзи 1 март дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён доштем, сокинон асосан дар қисмати аввали рӯз гурӯҳ - гурӯҳ ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуданд. Аз ҳар гӯшаи шаҳру ноҳия суруду навоҳои ватанхоҳона, ки як василаи ҷалби шаҳрвандон ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ буд, шунида мешуд.
Тибқи иттилои раиси комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода, то соати 10:00 аллакай 41,5 дарсади интихобкунандаҳои ҳудуди вилоят раъйи хешро ба тариқи овоздиҳии пӯшида маълум кардаанд. Дар 69 ҳавзаи интихоботӣ 253 номзад аз ҳизбҳои сиёсии расман сабтиномшуда барои пирӯзӣ талош мекарданд, ки аз ин шумора 72 нафар бонувон мебошанд.
- Ман ва ҳамсарам барои ояндаи боз ҳам дурахшонтари Тоҷикистони маҳбуб овоз додем, - гуфт раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки ба участкаи интихоботии рақами 5 (воқеъ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав) ҳозир шуда буд. Сипас, ба ду интихобкунандаи ҷавон, ки аввалин маротиба раъй дода буданд, китоби бадеӣ ва садбарги навшукуфта тақдим кард, ки ин агар аз як ҷониб эҳтиром гузоштан ба кулли ҷавонони вилоят барои бетараф наистодан ба тақдири сиёсии кишвар маънидод гардад, аз ҷониби дигар, даъвати онҳо ба донишомӯзию ободкорист.
Дар ноҳияи Кӯшониён то соати 10:00 ҳамагӣ 61 ҳазору 163 интихобкунанда (55,6 дарсад) ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуд. Ба иттилои Додарҷон Ғуломов, котиби ҳавзаи интихоботии Кӯшониён № 27, оид ба интихоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои 630 сокини дорои имконияти ҷисмонии маҳдуд низ ғамхории хос зоҳир гардид. Яъне ҳама участкаҳо бо роҳрави вижа – пандус таъмин шуда, ду кас ба ҳайси волонтёр аробачаҳои онҳоро идора мекарданд.
Аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб сокинони меҳнатқарини ноҳияи Данғара бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихор аз давлати демократию ҳуқуқбунёд даста-даста ба участкаҳои интихоботии маҳали зисташон омада, барои номзадҳои арзандаи мавриди назарашон раъй медоданд. Зимнан, бояд гуфт, ки дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии ноҳияи Данғара № 36 - ум 59 участкаи интихоботӣ дар ноҳия ва 16 участкаи дигар дар шаҳри Норак шомил аст.
Соати 6:00 бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон участкаҳои интихоботӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Илҳом Изатуллоев, раиси участкаи интихоботии № 1, зимни суҳбат гуфт, ки яке аз аввалин нафароне, ки ба участкаи интихоботӣ омада, овоз доданд, мӯйсафедони маҳалла буданд.
Қосим Кишварзода, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70, ҳамзамон, раиси участкаи интихоботии № 8 иброз дошт, ки аз субҳ то нисфирӯзӣ беш аз 50 дарсади интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат карданд. Инчунин, ӯ афзуд, ки як қуттии сайёрро барои гирифтани раъйи нафарони барҷомонда ва маъюбон ба назди онҳо мебаранд.
Ҳусейн Ғафуров, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекард, чунин ибрози назар намуд: «Тавре аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Имрӯз ман низ ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи кишвар аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода намуда, ба номзади арзанда овоз додам».
Он рӯз шаҳри Норак низ фазои идона дошт. Аз ҳар гӯшаи шаҳр садои форами суруду тарона меомад, ки саршор аз ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ буд. Мардуми меҳандӯсти шаҳр дар ин рӯз ба участкаҳои интихоботӣ меомаданд, то барои тақдири ояндаи худ ва таъмини зиндагии шоиста ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои арзанда раъй диҳанд.
Мушоҳида аз чанд участкаи интихоботӣ ва суҳбат бо интихобкунандагон нишон дод, ки, воқеан, сокинони шаҳри Норак нисбат ба тақдири ояндаи худ бетараф набуда, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкати хеле фаъол доранд.
Тавре Суҳроб Набиев, муовини раиси комиссияи интихоботи шаҳр, иттилоъ дод, дар шаҳр 16 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст. Шумораи умумии интихобкунандаҳо 30976 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 1845 нафар бори аввал овоз медиҳанд. Ҳамчунин, аз шумораи умумии овоздиҳандаҳо 95 нафар маъюб мебошад, ки аз ҷониби участкаҳои интихоботӣ ба хонаҳои онҳо қуттиҳои сайёри овоздиҳӣ бурда шуд. Дар ҳамаи участкаҳо нуқтаи тиббӣ ва модару кӯдак, ҳамчунин, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.
Гулрухсор Файзалиева, раиси участкаи интихоботии 63/4, дар суҳбат аз масъулиятшиносии баланд ва фаъолии сокинони шаҳр дар ин маърака ситоиш намуда, изҳор дошт, ки чунин иштироки фаъоли мардумро дар интихоботҳои қаблӣ хеле кам дида будам.  Ба қавли ӯ, ин нишонаи он аст, ки мардум нисбат ба ояндаи худ масъулияти бештар ҳис кардаанд.

ВИЛОЯТИ СУҒД
Сокинон рӯзгори босаодати худро рақам заданд
Дари 1045 участкаи интихоботӣ дар вилояти Суғд низ аз соати 6:00 субҳ бо садо додани Суруди миллӣ ва карнаю сурнай ба рӯи интихобкунандагон боз гардид. Одамони синну солашон гуногун  ба минтақаҳои овоздиҳӣ ҳозир гашта, ба номзади арзандаву сазовор раъй доданд.
Дар участкаи интихоботии № 52 – и шаҳри Гулистон низ, оғози ин маъракаи муҳими сиёсӣ, воқеан, ҳам рамзӣ шурӯъ шуд. Баробари ақрабаки соат ба 6:00 расидан Суруди миллӣ танинандоз гашта, раъйдиҳандагон ба ҳуҷраҳои овоздиҳӣ ворид шуданд. Бо дуои неки иштирокчии аз ҳама калонсоли шаҳр - Саломат Болтаеваи 95 - сола раъйдиҳӣ оғоз шуд
- Фарзандони азиз, нахуст, оғози баҳор муборак бошад. Ба рӯзи нахусти баҳор рост омадани ин маъракаи муҳими сиёсӣ худ фоли нек аст. Мудом Ватанамон ободу осуда, мардумаш сарбаланду муваффақ бошад. Ҳар як ваҷаби хоки Ватанро азиз доштану онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳамаи мост. Ба қадри талошҳои Пешвои муаззами миллат бирасем, дар татбиқи сиёсати ободкоронаашон ҳиммат гузорем, - иброз дошт холаи Саломат Болтаева.
Донишҷӯи   коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Фарзона Эркаева, ки бори аввал дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок дорад, эҳсоси гуворое дошт ва бо хушҳолӣ изҳор кард, ки дар кишвари демократие чун Тоҷикистони азиз зиндагӣ дорад ва овози ӯ дар интихобот муҳим шумурда мешавад.
То соати 9:00 дар участкаи интихоботии № 2, шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аллакай 35 дарсади  раъйдиҳандагон дар овоздиҳӣ мавқеи худро муайян карданд.
Парвина Сатторова, раиси участкаи мазкур, аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки ҳамдиёрон дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳисси баланди ватандорӣ зоҳир мекунанд. Дар ин ҷо бояд 1605 нафар раъйдиҳандагон   ҳозир шаванду ба номзадҳои арзанда овоз диҳанд. Турсуной Худоёрова, сокини шаҳраки Ғафуров, болидарӯҳ аз он аст, ки Тоҷикистон сол ба сол ободу зебо ва хуррам гашта, мардум осудаҳолона умр ба сар мебаранд.
- Боварӣ дорам, ки то интихоботи дигар Ватанамон  боз ҳам рушд кардаву бахту саодати фарзандонамон шукуфон мешавад, барои ҳамин ҳадаф овоз додам, - гуфт ӯ.
Дар шаҳри Бӯстон, ки чун шаҳри дӯстӣ ҳам ном мебаранд, аҳолиаш бо амри дилу ниятҳои самимӣ дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзиданд.
- Тоҷикистон барои ман Ватани азиз аст, чандин даҳсолаҳо сарнавишти худро бо ин сарзамини офтобӣ пайвастаам ва аз ин ҳаргиз пушаймон нестам,- мегӯяд Наталя Солодовникова, интихобкунанда аз участкаи интихоботии  № 57-и  шаҳри Бӯстон. Ҳоло ман дар ин диёри сарсабзу рӯ ба тараққиёт даврони пирӣ меронам бошад, ки фазои осудаи Тоҷикистон ҳамеша беғубор бимонад.
Дар маркази маъмурии вилоят -  шаҳри Хуҷанд соати 10:00 дар аксар участкаҳои интихоботӣ аллакай 40 дарсади интихобкунандагон  ба ин маъракаи сиёсӣ ҳозир шуданд. Дар вилоят 1 миллиону 555 ҳазору 174 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аксаран бо амри виҷдон ва хушбинӣ ба фардои нек дар интихобот иштирок намуданд.

ВМКБ
Интихобот муташаккилона доир гардид
Дар  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  низ чун  дигар  минтақаҳои  ҷумҳурӣ  интихобот  дар  доираи   талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  дигар  санадҳои  меъёрӣ - ҳуқуқӣ   доир гардид. Дар  вилоят  аз рӯи  ҷадвали  нақшаи  чорабиниҳои КМИР  ҳамаи  ҳавзаҳо сари  вақт  муқаррар, комиссияҳо ва участкаҳои интихоботӣ ташкил шуда,  номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи зинаҳои интихобот пешбарӣ  гардиданд.
Ба гуфтаи  Юсуфбек  Шодмонбеков, узви Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди вилоят барои гузарондани интихобот 279  участкаи интихоботӣ ташкил шуда, ҳайати комиссияҳои участкавӣ аз ҳисоби  шахсони барӯманд, намояндагони  ҳамаи  қишрҳои  ҷомеа  интихоб гардиданд. 
Аз субҳи  барвақт  сар карда, овоздиҳӣ дар  тамоми   участкаҳои  интихоботии вилоят оғоз ёфт. Интихобкунандагон  фаъолона ба участкаҳо меомаданд  ва  то  соати  15:00  қариб  дар  ҳамаи  участкаҳо  75 - 80 дарсади  интихобкунандагон  ба  тарафдории  номзадҳои   худ овоз доданд, ки ин шаҳодати ҳисси  масъулиятшиносии интихобкунандагон  мебошад. Аз ҳама  муҳимаш, шаҳрвандон, аҳли ҷамоатчигӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, умуман, ҳамаи интихобкунандагон аҳамияти ин чорабинии муҳими сиёсии давлатиро амиқ дарк намуда,   дар он ҳамчун  як воситаи муҳими  иштирок  дар  идоракунии давлат, омили тақдирсоз дар рушди давлатдорӣ муташаккилона ширкат  варзида, барои  пешрафти  кишвар, гул-гулшукуфоии диёр  раъй  доданд.
Интихобот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ зери назари мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ баргузор гардида, дар маҷмӯъ, ба ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳим баҳои мусбат дода шуд.
Дар минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ сокинон аз субҳи барвақт ба участкаҳои интихоботӣ омада, бо шукргузорӣ аз фазои осудаи Ватан ва сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тарафдории ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ овоз доданд.

Баҳои мушоҳидони байналмилалӣ: интихобот намунавӣ буд!
Геннадий Орденов, мушоҳиди байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, зимни суҳбат чунин иброз дошт: “Мо корро аз соати 5:00 – и субҳ оғоз кардем ва то нисфирӯзӣ зиёда аз 10 участкаи интихоботиро дидем. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ҳамаи ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ барои дар сатҳи баланд гузарондани маъракаи интихобот ба пуррагӣ омодаанд. Тамоми шароит барои интихобкунандагон дар сатҳи олӣ муҳайёст. Сатҳи баланди дониши ҳуқуқиву сиёсии аъзои комиссияҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби хуби овоздиҳии интихобкунандагон қобили зикри хос аст. Интихобкунандагон ниҳоят фаъол буданд ва тавре дидем, то соати 12:00 аллакай қариби 50 дарсади онҳо ба участкаҳо ҳозир шуданд. Интихоботи гузаштаистода яке аз интихоботҳои намунавӣ буда, бо сатҳи ташкиливу сиёсӣ ва шаффофияташ шахсан маро қаноатманд намуд”.
- Интихобот дар сатҳи баланд баргузор гашта истодааст. Барои ин мехоҳам ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро расонам. Аз ҳама муҳим ин аст, ки интихобкунандагон бояд дар фазои озоду бевосита раъйи худро диҳанд ва ин имконият барои шаҳрвандон пурра фароҳам аст. КМИР вазифаи хешро ба пуррагӣ иҷро карда истодааст. Имрӯз барои мардуми тоҷик ид буд. Мо аз кадом участкае, ки дидан намудем, дар он ҷо фазои орому осуда ва идона ба назар мерасид. Барои фароҳам гаштани чунин шароит нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам хеле назаррас аст. Нуктаи муҳим он аст, ки барои тамоми табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла шахсони маъюбу барҷомонда ҷиҳати овоздиҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд, - афзуд Тайсаев Казбек Кутсукович, мушоҳиди дигари байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ.
- Ман дар ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Озарбойҷонро намояндагӣ мекунам, - гуфт Нуралиев Рамин Адил огли, мушоҳиди байналмилалӣ. – 2 рӯз пеш ба Тоҷикистон омада будем. Аз субҳи барвақт чандин участкаро гаштем. Ҳаминро гуфтаниам, ки раванди интихобот хуб ба роҳ монда шудааст. Тартибот риоя ва ягон қонунвайронкуниро ба мушоҳида нагирифтем.
Мушоҳиди дигари байналмилалӣ Агзамова Гулрух Анваровна, ки 5 рӯз мешавад, дар Тоҷикистон қарор дорад, ба фазои интихоботии фароҳамовардашуда баҳои баланд дод:
- Бо ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон омадам. Тавре ба назар мерасад, омодагии масъулон дар сатҳи баланд аст. Халқ ҳам ба интихобот омодагии ҳамаҷониба гирифтаасту бетараф нест. Мушоҳидаи 5 - рӯза нишон дод, ки онҳо аз намояндагони нави парлумонии кишвар интизориҳои зиёд доранд ва овози худро барои фардои дурахшони Ватан муҳим меҳисобанд.
PS. Хонандагони рӯзномаи “Ҷумҳурият” имкон доранд, ки аз натиҷаҳои расмии интихобот, ки ба зудӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон хоҳад шуд, ба таври муфассал дар шумораи оянда шинос шаванд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Мунаввари САФАР, Бахтовар КАРИМЗОДА,
Комрон САФАР, Зокир ҲАСАН, Лашкар ШАРИФЗОДА, Маҳмуд МИРЗОЁН, Ҷовиди АШТӢ, Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2020    №: 45    Мутолиа карданд: 412
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед