logo

туризм

 САЙЁҲӢ. СОҲАЕ, КИ РӮ БА РУШД ДОРАД


Хизматрасонии босифат ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз ҷузъи таркибии соҳаи сайёҳӣ маҳсуб меёбад. Саноати сайёҳии муосир ба яке аз соҳаҳои зудрушдёбанда ва сердаромади хоҷагии ҷаҳон табдил ёфта, ба иқтисодиёти аксар кишварҳо таъсири назаррас мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти хизматрасонӣ ба сайёҳон ба чӣ дастовардҳо ноил шуд?
Новобаста аз соҳаи нав будани сайёҳӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон, дар чанд соли охир ин соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Ҳукумати мамлакат бо назардошти самти афзалиятнок будани сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ ба равнақи ҳамаҷиҳатаи он таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар хориҷи кишвар, ҷалби бештари сайёҳон, муайян ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва ворид шудани соҳа ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайян ба сомон расонда мешаванд. Бо мақсади мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа Стратегияи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 ва як қатор санадҳои зерқонунӣ таҳия ва қабул гардиданд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ”, ки ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудааст, фарогири гуногунсозии таркиби хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ бо назардошти тавсеа ёфтани ҷуғрофияи сайёҳон ва васеъ шудани талаботи онҳо дар Тоҷикистон мебошад.
 
ИМТИЁЗҲОИ ПЕШБИНИШУДА: АЗ 14 ЛОИҲА ТО 202 ШИРКАТ
Солҳои  охир  рушди сайёҳӣ дар мадди назари Пешвои муаззами миллат қарор дорад ва яке аз масъалаҳои муҳиме, ки аз ҷониби Сарвари давлат ҳангоми ироаи Паём дар солҳои 2017-2018-2019 зикр гардид, рушди соҳибкорӣ, инфрасохтор ва ҷалби сармоя ба ин самт буд. Вобаста ба ин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад, аз 12 апрели соли 2018, №189 тасдиқ гардид.
Ба гуфтаи Ширин Амонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати мамлакат 23 ширкати сохтмонӣ барои бархӯрдор шудан аз ин имтиёзҳо ба кумита муроҷиат кард ва айни ҳол 14 лоиҳа вобаста ба ворид намудани таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаҳо, маҷмааи сайёҳӣ, боғҳои фароғатӣ, роҳи танобӣ, мавриди татбиқ қарор дода шуданд. Имрӯзҳо лоиҳаи қарори 4 санади дигар вобаста ба ҳамин ширкатҳо дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боқимонда дар баррасии вазорату идораҳо қарор доранд.
Дар пайи дастгириҳо ва имтиёзҳои андозии пешбининамудаи Ҳукумати мамлакат ҳавасмандии бахши хусусӣ нисбат ба фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ зиёд гардида, бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ соли гузашта 58 ширкати нави сайёҳӣ ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуд. Дар маҷмӯъ, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ба 202 расида, аксари онҳо самти фаъолияти худро аз интиқоли сайёҳон ба хориҷи кишвар ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба воридоти сайёҳони хориҷӣ ва сайёҳии дохилӣ тағйир доданд.
 
1 МИЛЛИОНУ 257 ҲАЗОР САЙЁҲ ДАР ЯК СОЛ
Соли 2019 Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ фаъолона мавқеъгирӣ намуда, дар намоишгоҳу форумҳои байналмилалии сайёҳӣ ва тиҷоративу сармоягузорӣ иштирок намуд. Аз ҷумла, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори соҳа дар бозори байналмилалии сайёҳии ITB Berlin-2019, MITT-2019 (Москва), Конфронси иқтисодии Тоҷикистону Россия, Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ дар Ӯзбекистон, Анҷумани 7-уми бахши хусусӣ ва сайёҳӣ, Форуми байналмилалӣ-тиҷоратӣ, Форум ва ҳамоиши сармоягузориву сайёҳӣ ва ғайра ширкат варзиданд ва сабади маҳсулоти хизматрасониҳои сайёҳиро ба алоқамандону ҳавасмандон манзур доштанд. Созишномаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаҳои интернетӣ ва ВАО-и хориҷӣ тарғиб шуд. Хатсайрҳои нави сайёҳӣ тарҳрезӣ гаштанд. Дар натиҷаи ин ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва кӯшишҳои дастаҷамъонаи ширкатҳои сайёҳии ватанӣ шумораи сайёҳони хориҷие, ки соли 2019 аз Тоҷикистон дидан карданд ба 1 миллиону 257 ҳазор нафар расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 - ум 219,7 ҳазор нафар ё ба андозаи 21,5 фоиз зиёд аст.
 
ҶУҒРОФИЯИ ТАШРИФИ САЙЁҲОН ТАВСЕА ЁФТ
Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки ҷуғрофияи ташрифи сайёҳони хориҷӣ бо ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ тавсеа ёфт ва аз 59 кишвари соли 2015, теъдоди кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, дар соли 2019 ба 146 давлат расид. Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, ба бистгонаи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба ҳайси сайёҳ бештар ба Тоҷикистон  сафар кардаанд, Ӯзбекистон, Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Чин, Туркия, ИМА, Олмон, Ҳиндустон, Украина, Беларус, Туркманистон, Британияи Кабир, Фаронса, Ҷопон, Италия, Молдова, Канада ва Корея шомил мебошанд. Тамоюли рушд ба  сафарҳои шаҳрвандони Ӯзбекистону Ҳиндустон ва Италияву Ҷопон рост меояд.
Мувофиқи таҳлилу омӯзиши мутахассисони соҳа бо назардошти захираҳои бойи табиӣ ва таъриху фарҳанги хосу қадимаи Тоҷикистон сайёҳони хориҷӣ бештар ба саёҳати экологӣ - кӯҳнавардӣ ва таърихию фарҳангӣ майл доранд.
 
БЕШ АЗ 267 МИЛЛИОН ДОЛЛАР АЗ ГАРДИШИ МОЛИЯВӢ
- Гардиши молиявии умумӣ аз хизматрасониҳои сайёҳӣ бо назардошти фурӯши  чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар соли 2019 ба 267 миллиону 503 ҳазор доллари ИМА расид, - иттилоъ дод раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ. Муомилоти маблағҳо ба буҷети кишвар аз рӯйи хизматрасониҳо 403 миллиону 760 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ соли 2019 теъдоди миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ 4684 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 - ум 306 нафар  зиёд аст. Меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳ, ҳостел, маҷмааҳои сайёҳӣ, ки ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд, маҷмӯан, дар ҷумҳурӣ 282 - то мебошад. Шумораи ҳуҷраҳо дар меҳмонхонаву осоишгоҳҳо дар соли сипаришуда 7635 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли пеш 684 - то зиёд ва шумораи  катҳо 16 470 адад буда, нисбат ба соли рафта 1042 - то зиёд мебошад. Маблағи аз ҳисоби хизматрасониҳои субъектҳои номбаршудаи сайёҳии бадастомада дар соли гузашта 244 ҳазору 928 сомониро ташкил медиҳад.
 
ХИЗМАТРАСОНИИ БОСИФАТ – СИЛОҲИ ПУРИҚТИДОРИ РАҚОБАТ
Сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини рушди ин бахши иқтисодиёти миллӣ мебошад. Дар бозори байналмилалии сайёҳӣ, сифати хидматрасонӣ силоҳи пуриқтидортарини рақобат маҳсуб ёфта, вобаста ба талабот ва имконоти ҷаҳонгардон беҳтар карда мешавад. Сайёҳоне, ки аз хидматрасонии меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои хидматрасонӣ, комплексҳои сайёҳии кишварҳои муайян қаноатманданд, таблиғгари фаъоли онҳо мешаванд. Якчанд маротиба ба ин ҷойҳо ташриф меоранд, дар зиёд шудани ҷараёни сайёҳӣ саҳм гузошта, эътибори минтақаҳои сайёҳии ба онҳо писандомадаро баланд мебардоранд. Сифати хизматрасонӣ дар ниҳоят ба болоравии самаранокии иқтисодии сайёҳӣ мусоидат мекунад. 
Чун мақсади асосии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ин ташкили саноати сайёҳии фоидаовару рақобатпазир, таъмини даромади маблағҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои кории иловагӣ мебошад, ба талаботи замон мувофиқ сохтани сифати хизматрасониҳо дар ҳамаи бахшҳои марбута бо назардошти ҷузъиёти хурдтарин асоси муваффақият дар бозори сайёҳии серрақобат хоҳад буд.
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.03.2020    №: 46    Мутолиа карданд: 317
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед