logo

порлумон

 ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколатҳои вакилони интихобшуда


Мувофиқи моддаҳои 12, 48, 50, 54, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси протоколи № 1 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2020 ва протоколҳои 41 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2020 ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии овоздиҳӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (бо дарназардошти протоколҳои ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботии дар хориҷи кишвар таъсисдодашуда) гузаронда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 4 260 839 (86, 44%)  интихобкунанда баргузоршуда ҳисобида шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 вакил: аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ – 22 вакил ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот – 41 вакил интихоб гардиданд.
3. Номзадҳое, ки дар интихоботи рӯзи 1 марти соли 2020 интихоб шудаанд, тибқи рӯйхат ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шаванд (Замимаҳои 1 ва 2).
4. Ба вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Б. ХУДОЁРЗОДА
             
Котиби Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Н. САМАДЗОДА  
ш. Душанбе, 6 марти соли 2020, № 76
 
 
Замимаи 1
ба банди 3 Қарори Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 марти соли 2020, № 76
 
Рӯйхати
вакилони рӯзи 1 марти соли 2020 интихобгардидаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати
шашум аз рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ
 
АЗ ҲИЗБИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Икромов Фазлидин Маҳмазоитович                                
2. Усмонов Мансур Саломович                                      
3. Холбойзода Неъматулло Холбой         
4. Сафаров Зайнудин                           
              
АЗ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН
Усмонзода Саидҷаъфар Усмон
 
АЗ ҲИЗБИ ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН
1.  Қудратов Рустам Раҳматович
2. Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич
3. Ашуров  Ғиёсиддин Маҳмадмуродович
4. Даринг Раҳмон Ҷаҳон  Афруз Қурбонзода
 
АЗ ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН
Ғаффоров Абдуҳалим       
                
АЗ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
1. Фаттоҳзода Саидмурод  Самад                                         
2. Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло                                  
3. Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода
4. Содиқӣ Насиба  Нуруллозода                                          
5. Мансурӣ Дилрабо Сайдулло    
6. Тағойзода Сумангул Саид
7. Қосимзода Идигул  Тағо
8. Хайрулло Амонулло 
9. Матробиён Саодатшо Қосимзода
10. Холиқзода Абдураҳим  Ғафор 
11. Табарӣ Абдулло  Ҳабибулло
12. Маҳмудов Музафарҷон Ҷусупович
 
 
Замимаи 2
ба банди 3 Қарори Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 марти соли 2020, № 76
 
Рӯйхати
вакилони рӯзи 1 марти соли 2020 интихобгардидаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот
Фирдавсӣ № 1 – Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин;
Исмоили Сомонӣ № 2 – Меликова Парвина Иноятуллоевна;
Шоҳмансур № 3 – Обидов Фозил Саидович;
Сино № 4 – Шоҳмурод Рустам;
Турсунзода № 5 – Холмаҳмадзода Солеҳа;
Шаҳринав № 6 – Баротзода Файзулло;
Ҳисор № 7 – Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна;
Сомонӣ № 8 – Юсуфӣ Муҳаммадраҳим;
Рӯдакӣ № 9 – Усмонзода Хайриддин Усмон;
Ваҳдат № 10 – Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ;
Файзобод № 11 – Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович;
Рашт № 12 – Зокирзода Маҳмадтоир Зоир;
Хуҷанд № 13 – Назирӣ Гулбаҳор Назир;
Б. Ғафуров № 14 – Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ;
Урунхоҷаев № 15 – Ахмедов Мирзоанвар;
Ҷ. Расулов № 16 – Акрамзода Баҳодур Исмоил;
Ашт № 17 – Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин;
Мастчоҳ № 18 – Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад;
Конибодом № 19 – Раҷабзода Равшан Муҳитдин;
Исфара № 20 – Шамсидинзода Мавзуна Шамсидин;
Панҷакент № 21 – Шодизода Парвиз Шодибой;
Айнӣ № 22 – Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб;
Истаравшан № 23 – Умаров Абдуҷаббор Қаҳорович;
Деваштич № 24 – Исмоилзода Зуфар Муртазохон;
Спитамен № 25 – Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло;
Бохтар № 26 – Маҷидова Сарвиноз Комиловна;
Кӯшониён № 27 – Шодиён Муҳаммад Султонзода;
А.Ҷомӣ № 28 – Ашурзода Гулбаҳор Сангилло;
Ёвон № 29 – Азимзода Толибхон Ситамурод;
Ҷ. Балхӣ № 30 – Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло;
Қубодиён № 31 – Файзуллозода Зафар Хайрулло;
Вахш № 32 – Сафарзода Бахтовар Амиралӣ;
Ҷайҳун № 33 – Шарофзода Гавҳар;
Фархор № 34 – Раҳмонзода Зоир Файзалӣ;
Ҳамадонӣ № 35 – Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович;
Данғара № 36 – Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ;
Кӯлоб № 37 – Ҳаким – Зада Шариф Саидович;
Муъминобод № 38 – Абдуллоев Мироҷ Санонович;
Восеъ № 39 – Латифзода Рустам Барот;
Ванҷ № 40 – Қодири Қосим;
Хоруғ № 41 – Гиёзода Азиз Қодир.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2020    №: 50    Мутолиа карданд: 356
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед