logo

иҷтимоиёт

АЗ ҲАМКОРӢ БО "ҶУМҲУРИЯТ" ИФТИХОРМАНДЕМ

Соли 1985 қисмати якуми бинои нашриёти нав - бахши истеҳсолӣ ва матбаа дар шаҳри Душанбе ба кор даромад. Маҷаллаву рӯзномаҳои марказии кишвар ва асосии умумииттифоқӣ акнун дар нашриёти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҳоло Комплекси табъу нашри "Шарқи озод" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) чоп мешуданд. Дар ин радиф, ҳайати котибот ва кормандони техникии рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" (пасон "Тоҷикистони шӯравӣ" ва "Ҷумҳурият") аз матбааи аввалини пойтахт ба бинои нав кӯч бастанд.

Саҳифабандии рӯзнома бо усули «гарм» сурат мегирифт. Толори бузург дар қабати сеюми бинои истеҳсолӣ ҷойгир буд. Дар он ба як бор 18 саҳифабанд пушти мизҳои барпаҳни оҳанӣ ба кор машғул буданд. Ин усул аз солҳои 30 - юм идома дошт. Шурӯъ аз соли 2000 - ум, аз давраи гузаштан ба усули нави саҳифабандӣ - чопи компютерӣ, кор дар нашриёт ранги дигар гирифт. Соли 2017 барои беҳтар шудани сифати чопи маҷаллаву рӯзномаҳо нашриёти «Шарқи озод» СТР - дастгоҳи аккосӣ барои тайёр кардани қолибҳои чопии андозаи 1250х1450-и барои ҷумҳурӣ ягонаро харид. Қабл аз ҳама, рӯзномаи рақами якуми мамлакат - «Ҷумҳурият» ба ин усул гузашт. Бо ин амал рӯзнома соҳибмақомии хешро дар мамлакат бори дигар собит сохт.
Бо сабабҳои маълум рӯзномаи «Ҷумҳурият» солҳои аввал ҳафтае як маротиба ба табъ мерасид. Бо мурури замон ба ду ва се шумора дар ҳафта расид. Инак, «Ҷумҳурият» мавқеи худро дар байни ҷомеа устувор намуда, дар як ҳафта панҷ ва баъзан шаш маротиба чоп мешавад.
Мо ҳамчун ҳамкор аз пешрафту мавқеи устувори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ҷомеаи навини кишвар хеле шодем. Сол ба сол обру ва мартабаи рӯзнома боло рафта истодааст. Мазмуну мундариҷа ва муҳтавояш низ аз дигар ҷаридаҳо фарқ мекунад. Имрӯз мардум ба суроғи «Ҷумҳурият» меоянд, онро аз дуконҳои рӯзномафурӯшӣ ҷустуҷӯ менамоянд. Тӯли чанд соли охир, воқеан ҳам, ҳаводорони он бамаротиб афзудаанд. Махсусан, бахши «Шоми шанбе» - и рӯзнома байни мардум маҳбубияти хосаро касб кардааст.
Чун аз боби фаъолият ва пешрафти кор дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» тайи чор – панҷ соли охир сухан рондем, фаромӯш набояд кард, ки ин ҳама муваффақиятҳо пас аз сари кор омадани журналисти соҳибистеъдод Қурбоналӣ Раҳмонзода ба сифати сармуҳаррири рӯзнома ба вуқӯъ пайваста, дар ин муддат дар кору пайкори он тағйироти куллӣ ба амал омад.
Доир намудани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Рашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент нуфузи рӯзномаро бамаротиб баланд бардошт. Тавассути ин озмунҳо дар гӯшаҳои дурдасти кишвар нафарони зиёде бо ҳайати эҷодии рӯзнома ошно гашта, сафи хонандагонаш зиёд шудан гирифт. Теъдоди нашри рӯзнома аз 30 ҳазори чор соли қаблӣ қариб ба 50 ҳазор нусха расидааст.
Аз муваффақият, зиёд гаштани нуфузу мартаба, ҳамчунин, теъдоди нашри рӯзнома мо низ хурсандем. Зеро аз боло рафтани теъдоди нашри «Ҷумҳурият» коргоҳи мо низ баракат мебинад.
Мо аз пирӯзии ҳамкорони хеш шод буда, таманно дорем, ки пас аз ин ҳам рӯзнома пешсаф монда, ҳамкории мо ривоҷ хоҳад ёфт.

Қурбоналӣ ФАЙЗУЛЛОЗОДА, директори КТН «Шарқи озод»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2020    №: 55    Мутолиа карданд: 344
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед