logo

Хабарҳо

ОЗМУНИ "НАРОДНАЯ ГАЗЕТА" ҶАМЪБАСТ ШУД

Дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси» - и пойтахт маросими мукофотонии ғолибони озмуни нашрияи ҷумҳуриявии «Народная газета» бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гашт, ки дар он намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафоратҳо, ВАО ширкат доштанд.
Озмуне, ки ин нашрияи Ҳукумати кишвар 1 марти соли гузашта эълом дошта буд, расо як сол давом ёфт ва дар ин муддат дар саҳифаҳои он доир ба се мавзӯъ – нумӯи деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ наздики 150 маводи гуногунжанр интишор ёфт. Мавриди зикр аст, ки мавзӯъҳои пешниҳодшуда боиси таваҷҷуҳи зиёди на танҳо коршиносони соҳа, ҳамчунин рӯзноманигорони нашрияҳои давлатӣ ва хусусӣ, омӯзгорони донишкадаҳои олӣ, кормандони сохторҳои давлатӣ, донишҷӯёну хонандагон гаштанд. Дар ниҳояти кор аъзои ҳакамон аз рӯи се номинатсия 9 муаллифи ғолибро муайян намуданд, ки бо диплому мукофоти пулии «Народная газета» ва туҳфаҳои хотиравии сарпарастон қадр шуданд. Сарпарастии озмунро Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси» ва ҶДММ «Асрори санг» ба зимма гирифта буданд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин мақола доир ба туризм» се ҷои аввал насиби собиқадори журналистика Владимир Василевич Фролов, рӯзноманигорон Рустам Турсунов ва Акмал Маннонов гашт. Омӯзгори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Олга Ладигина дар номинатсияи «Беҳтарин мақола дар бораи ҳунарҳои мардумӣ» сазовори ҷои якум шуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро омӯзгори Коллеҷи рассомии Истаравшан Мавҷуда Муқумова ва дизайнер аз Душанбе Виктория Эверт гирифтанд. Дар номинатсияи «Беҳтарин мақола оид ба деҳот» се мақоми аввал насиби муаллим аз ноҳияи Қубодиён Шоқамбар Пардалиев, хабарнигори «Народная газета» Сайидо Назаров ва рӯзноманигор аз Хуҷанд Мирзоаъзам Мақсудов гашт.
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 493
28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед