logo

иҷтимоиёт

САЛОМАТИИ МАРДУМ САРВАТИ БЕБАҲОИ ДАВЛАТ АСТ

Дар шароити гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ ва торафт  зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон дастрасӣ ба маводи бехатари озуқаворӣ ба масъалаи ҳаётан муҳим  ва рӯзмарра табдил ёфтааст.
Бо ин мақсад Созмони Милали Муттахид соли 1985 қатънома қабул намуд, ки дар асоси он ҳамасола 15 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкундагон таҷлил мегардад. Дар асоси ин қатънома  тамоми кишварҳои ҷаҳон бояд барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барномаҳои махсус қабул карда, шаҳрвандонро бо маҳсулоти бехатари озуқаворӣ таъмин намоянд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии маҳсулоти ғизоиро яке аз ҳадафҳои асосии стратегӣ қарор дода, барои амалисозии ин ҳадаф даҳҳо барномаҳои давлатиро қабулу амалӣ намуд. Яке аз санадҳои муҳимтарини Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (аз 15 майи соли 1997) мебошад. 9 декабри соли 2004 ин қонун дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт. Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолгарон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагонро ба танзим медарорад ва ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои гирифтани маълумот оид ба моли дорои сифати муносибу барои ҳаёту саломатӣ бехатар ҳимоя мекунад.
Мутаассифона,  дониши кофии ҳуқуқӣ надоштани сокинони кишвар боис мешавад, ки онҳо ҳангоми харид фиреб хӯранд. Тибқи ин қонун, истеъмолкунанда барои  ҳифзи саломатӣ аз зарари мол (кор, хизмат), гирифтани ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, ҳимояи бехатарии муҳити зист, изҳори назар оид ба мол, муроҷиат ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад.
Тибқи моддаи 20, истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартнома вазифаи истеҳсолкунандаро (фурӯшандаро) иҷро мекунад (агар дар асоси созишномаи тарафҳо муҳлати дигари бартараф сохтани нуқсони мол муайян нашуда бошад), бояд нуқсони ошкоргардидаи молро фавран бартараф созад. Муҳлати ниҳоии бартараф намудани нуқсони мол аз рӯзи муроҷиати истеъмолкунанда аз чаҳордаҳ рӯз дарозтар буда наметавонад.
Ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳу сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ пешгирӣ кардани воридот, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти бесифат, инчунин, мусоидат ба рушди истеҳсолоти молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротии ватанӣ аҳамияти калон дорад. Мақсад аз таъсис додани Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, кам кардани такроршавии вазифаҳои хизматии ба ҳам монанд, ҳамоҳангсозии санҷишҳо, сарфаи маблағҳои буҷет, кам намудани монеаҳо барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва пешгирии фаъолияти соҳибкороне мебошад, ки мехоҳанд бо роҳу воситаҳои гуногун ба кишвар маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ ворид намоянд.
Кумита бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ дар доираи амалисозии барномаҳои давлатӣ, махсусан «Барномаи бехатарии  озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2023», фаъолияташро дар самтҳои байторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини рустанӣ ва тухмӣ ба роҳ монда, тамоми маҳсулотеро, ки дар кишвар истеҳсол ва ё аз хориҷи мамлакат ворид карда мешаванд, таҳти  санҷиш ва назорати доимии худ қарор додааст. Кормандони кумита барои ҳифзи саломатии мардум, ки бебаҳотарин сарвати давлат аст, вазифаю масъулияти бузургу ифтихорӣ доранд.

Олимҷон ЗАБИРЗОДА, мудири бахши робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2020    №: 56    Мутолиа карданд: 233
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед