logo

суханрониҳо

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар, шаҳри Душанбе, 18 марти соли 2020

Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!
Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз – соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад. Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо – аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори донишмандону муҳаққиқони маъруф зикр шудааст, ки замоне тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақлии тамаддуни башарӣ қарор доштаанд.
Онҳо дар бунёди давлатҳои муташаккилу неруманд, офаридани нахустин арзишҳои фарҳангӣ, низоми одилонаи ҳуқуқӣ, осори ахлоқӣ ва таълифоти илмӣ саҳми беназир гузоштаанд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, мо дар баробари эҳёи арзишҳои писандидаи Наврӯзи Аҷам, мулоқоти Роҳбари давлатро бо аҳли зиё – олимону донишмандон, адибону эҷодкорон, намояндагони маориф ва санъату ҳунар ба ҳукми анъана даровардем, то бо кору фаъолияти онҳо ошно гардида, масъалаву мушкилоти ҳалталабро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем.
Қобили зикр аст, ки зиёиёни кишвари мо дар муддати қариб се даҳсолаи охир дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд.
Дар омӯзишу таҳқиқи ҷашнҳои миллӣ ва эҳёи онҳо, аз ҷумла Наврӯз, нақши зиёиён назаррас буда, онҳо дар заминаи сарчашмаҳои бостониву таърихӣ рисолаву таҳқиқоти арзишманд ба чоп расондаанд.
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни муқаддаси миллиамон – сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди ҳазорҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоиро ба нақша гирифта, тамоми қаламрави кишвари азизамонро ба корзори бузурги заҳмати созанда табдил додаанд, ки як қисми онҳо дар арафа ва рӯзҳои таҷлили Наврӯзи бостонӣ ба истифода дода мешаванд.
Донишмандони муҳтарам!
Асри XXI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад. Вобаста ба ин, мо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа додаем. Зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳамияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад.
Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем.
Маҳз бо ҳамин мақсад, мо солҳои 2020 – 2040 - ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад. Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм дастур дода шуд, ки аз рӯи фанҳои зикршуда ҳар сол озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро бо зиёд кардани шумораи ҷойҳои ифтихорӣ ва аз лиҳози молиявӣ ҳавасманд гардондани ғолибон ба роҳ монад. Илова бар ин, роҳбарияти вазоратро зарур аст, ки дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, баланд бардоштани сифати таълим, стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар намояд.
Халқи тоҷик аз қадим ба илм ва таълиму тарбия эҳтироми хос дошт ва дар тӯли таърих нобиғаҳое ба дунё овард, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ ҳиссаи бузург гузоштаанд. Махсусан, дар замони давлатдории Сомониён баробари адабиёту ҳунар илмҳои табиатшиносӣ низ инкишоф ёфтанд ва осори олимони барҷастаи тоҷик дар асрҳои баъдӣ низ шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд.
Кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд. Ин раванди донишпарварӣ дар садсолаҳои баъдина низ идома ёфта, таҳқиқоти пурарзиш ва осори донишмандони тоҷик имрӯз ҳам аҳамияти таърихиву илмии худро гум накардааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад. Дар ин раванд, мо ҷойгоҳу манзалат ва, дар айни замон, масъулияти олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа давра ба давра баланд бардоштем. Ҳамчунин, як силсила барнома ва лоиҳаҳои илмиро, бо дарназардошти манфиатҳои давлатдории миллӣ, таҳия ва мавриди амал қарор дода, барои пешрафти илму маориф заминаи мусоид фароҳам овардем.
Ҳозирони муҳтарам!
Вазъи илму маориф ва масъалаҳои вобаста ба рушди имкониятҳои зеҳнии мардуми кишвар дар шароити соҳибистиқлолӣ дар бисёр мулоқоту суханрониҳои мо ҳамаҷониба таҳлил гардидаанд.
Дар вохӯрии имрӯза тасмим гирифтем, ки андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурдубохти раёсат ва институтҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ баён намоем. Инчунин, дастоварду муваффақият ва камбудиву норасоиҳоро баррасӣ карда, вазифаҳоро барои пешрафти минбаъдаи илм ва таҳкими робитаи он бо истеҳсолот мушаххас созем.
Вобаста ба хусусиятҳои замони ҳозира дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки мо бояд мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешем. Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки мо бояд ба пешрафти илмҳои бунёдиву техникӣ ва технологиву инноватсионӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем, мавзӯъҳои фармоиширо ба рушди иқтисодиёти кишвар мутобиқ гардонем, ба тарбияи кадрҳои илм ва тақвияти неруи зеҳнӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем ва маблағгузории соҳаҳои илмро, ки ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона шудаанд, таҷдиди назар кунем.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди душвориҳои зиёде, ки ба сари давлат ва халқи Тоҷикистон омаданд, мо на танҳо Академияи илмҳоро нигоҳ доштем, балки академияҳои соҳавиро таъсис дода, соҳаҳои илму маорифро дастгирӣ кардем ва муассисаҳои илмиву таълимиро дар доираи имкониятҳои мавҷудаи буҷет маблағгузорӣ намудем.
Имрӯз дар Академияи илмҳо беш аз 2000 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки 32 нафари онҳо аъзои пайваста, 52 нафар аъзои вобаста, 190 нафар доктори илм ва 360 нафар номзадҳои илм мебошанд.
Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди Академияи илмҳо қарор дорад, омода кардани кадрҳои илмӣ мебошад. Ҳоло бо ин мақсад дар магистратура ва докторантураи ин муассисаи илмӣ 1500 нафар ҷавонон, аз ҷумла 650 нафар ё 43 фоиз, ба илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, солҳои охир беш аз 100 нафар муҳаққиқони ҷавон дар муассисаҳои бонуфузи илмии хориҷи кишвар таҳсил карда, ҳоло дар сохторҳои Академияи илмҳо кору фаъолият мекунанд. Вале, бо вуҷуди ин, дар баъзе самтҳои илм шумораи кадрҳои дараҷа ва унвонҳои илмидошта нокифоя буда, аксари муассисаҳо ба ходимони илмии болаёқат ниёз доранд.
Мушоҳида ва таҳлили вазъи имрӯзаи муассисаҳои илмӣ ва ташкилоту корхонаҳо метавонад шоҳиди арзёбии вазъи таъминоти кадрии муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии кишвар бошад. Масалан, иқтидори кадрии Академияи илмҳо имрӯз назар ба солҳои пеш хеле коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1985 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи номзадҳои илм 656 нафарро ташкил медод, вале имрӯз номзадҳои илм дар ин муассиса ҳамагӣ 360 нафарро ташкил медиҳанд, ки дар муқоиса ба соли 1985 қариб 300 нафар камтар мебошад. Бинобар ин, Академияи илмҳоро зарур аст, ки бо ҷалби иқтидори илмии донишгоҳҳои мамлакат ва дигар муассисаҳои таҳқиқотӣ барномаи дарозмуддату фарогири тарбияи кадрҳоро бо дарназардошти ҳадаф ва манфиатҳои миллӣ таҳия намояд ва дар самти тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Академияи илмҳо, инчунин, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқотиро дар соҳаҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ ба уҳда дорад. Бо ин мақсад, дар назди раёсати Академияи илмҳо Шӯрои ҳамоҳангсози корҳои илмиву таҳқиқотӣ фаъолият дорад, ки лоиҳаҳои илмиву таҳқиқотии фармоиширо баррасӣ менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло низ дар интихоби мавзӯъҳо саҳлангорӣ мушоҳида шуда, маблағҷудокунӣ ба илмҳои барои кишвар зарурӣ кам мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат бояд якҷо бо Шӯрои ҳамоҳангсоз самаранокии маблағгузории буҷетии лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотиро аз нуқтаи назари супоришҳои имрӯза баррасӣ намояд ва механизмҳои муосири маблағгузории онҳоро тасдиқ ва амалӣ гардонад.
Ҳамчунин, бо мақсади аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани рақобати озоди истеъдодҳо ба манфиати илм ва давлат тартиби вобаста кардани лоиҳаҳои илмӣ ва мавзӯъҳои фармоиширо дар байни муассисаҳои илмӣ ва олимон бознигарӣ намояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ донишмандони Академияи илмҳо як силсила кашфиётро дар соҳаҳои риёзӣ, физика, химия, биология, геология, физиология ва генетикаи рустаниҳо мавриди амал қарор додаанд. Аммо дар замони пешрафти босуръати ҷомеа ҷустуҷӯҳои илмӣ талаботи давлатро қонеъ карда наметавонанд.
Масалан, мо имконият дорем, ки бо ёрии олимону муҳаққиқони ихтироъкори соҳаҳои физика, химия, технология, биология ва физиологияи рустаниҳо истеҳсоли баъзе таҷҳизоти техникиро дар мамлакат ба роҳ монем ё навъҳои гуногуни тухмии зироатҳоро худамон истеҳсол кунем. Вале бо вуҷуди он, ки мо захираҳои зиёд дорем, то ба ҳол тухмии бисёр навъҳои зироатро аз хориҷи кишвар ворид мекунем ва тамоми таҷҳизоту технология, ҳатто молҳои талаботи ҳаррӯзаи мардумро низ аз берун харидорӣ менамоем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти институтҳои академия ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз доранд ва бо вуҷуди дастгириҳои давлатӣ корҳои илмии кормандони онҳо ба талаботи давлат кам ҷавобгӯ мебошанд.
Дар бештари корҳои илмии олимони мо мавзӯъҳо ва самтҳои таҳқиқ такрор шуда, қисми ками натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолоти ватанӣ татбиқ мегарданд. Маълум мешавад, ки робита миёни институтҳои Академияи илмҳо бо вазорату кумитаҳои соҳавӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои истеҳсолии хусусӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда нашудааст. Вобаста ба ин, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва бахшҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки сохтори идории худро таҷдиди назар карда, самаранокии фаъолият ва назорати корҳои илмиву таҳқиқотиро дар тамоми муассисаҳои академӣ ва пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ таъмин намояд. Инчунин, меъёри арзёбии корҳои илмиву таҳқиқотиро мутобиқи талаботи байналмилалӣ таҳия ва ҷорӣ карда, минбаъд ҷобаҷогузории кадрҳо ва интихоби аъзои вобаставу пайвастаи Академияи илмҳоро тибқи ин меъёр ба роҳ монад.
Дар замонҳое, ки илм аз дастгирии давлат бархӯрдор набуд ва ҳамчун навъи шуури ҷамъиятӣ дар рақобати озод бо эътиқоду ахлоқ қарор дошт, тавонист садҳо нафар абармардони илми ҷаҳонӣ ва нобиғаҳоро ба майдон оварад. Сабаб дар чӣ буд, ки олимони пешин чунин дастовардҳоро ноил шудаанд? Ба назари мо, дар он давраҳои тираву тор олим ва илм ба хотири исботи ҳаққонияти худ мубориза мебурд ва барои мавҷудияти илм замина муҳайё мекард. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ, яъне дар замоне ки барои рушди илм тамоми имкониятҳо муҳайё мебошанд, роҳу воситаҳои оқилонаи рақобати озоди илмро бо дарназардошти манфиатҳои милливу давлатӣ таъмин намоем.
Мусаллам аст, ки бе мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, пояи устувори моддиву техникӣ ва кадрӣ пешрафти илмҳои техникиву табиӣ ва, хусусан, илмҳои таҷрибавӣ (эксперименталӣ) ғайриимкон аст. Бояд ёдовар шуд, ки ҳоло маҳз бо ҳамин сабаб, тақрибан, тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олӣ, илмиву таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии кишвар наметавонанд таҳқиқоти самаранок ва ташхиси дақиқу саривақтиро ба анҷом расонанд.
Мушкилоти зикршуда тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи муосирро дар самти фанҳои таҷрибавӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ ғайриимкон месозад. Илова бар ин, озмоишгоҳҳои санҷиши сифати маҳсулот дар назди марказҳои савдо, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳан”, Хадамоти гумрук, Агентии “Тоҷикстандарт”, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва монанди инҳо низ фаъолияти худро бе таҷҳизоти зарурӣ ва маводи кимиёӣ наметавонанд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Ҳол он ки доир ба ин масъала ҳанӯз соли 2017 барномаи махсуси давлатӣ қабул гардида буд. Бинобар ин, Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва васоити экспедитсионӣ вазифадор карда мешавад, ки сарфи назар аз мансубияти сохторӣ, тибқи талаботи муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ҷиҳати харидорӣ кардани таҷҳизот, ашё ва, бахусус, маҳлулҳои кимиёиву биологӣ чораҷӯӣ намояд. Ҳамзамон бо ин, Дастгоҳи иҷроияи Президент бо вазоратҳои адлия, молия, маориф ва илм, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ тартиби фаъолияти ин муассисаро баррасӣ карда, доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба низомномаи он пешниҳод манзур намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Дар самти таҳқиқи таърих, забон ва адабиёт, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик донишмандони Академияи илмҳо корҳои арзишмандеро анҷом дода, осори бебаҳои нобиғаҳои илму адабро ба чоп расондаанд. Аз ҷумла, монографияи шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” ба забони русӣ ба нашр расида, китоби “Этногенез ва таърихи этникии тоҷикон ” ба чоп омода гардид, ки аҳамияти зиёди илмӣ ва амалӣ дорад. То ба имрӯз ба муносибати 5500 - солагии Саразм як қатор рисолаҳо таҳия ва ба нашр омода шудаанд. Ҳоло дар чандин мавзеъҳои таърихии кишвар корҳои бостоншиносӣ идома доранд. Аммо бояд иқрор шуд, ки кор дар ин самт дар сатҳи қаноатбахш ба роҳ монда нашудааст.
Мо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносиро бо таҷҳизот, техника ва воситаҳои нақлиёт таъмин карда, донишҷӯёни ихтисосҳои бостоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро барои ҳамкорӣ бо онҳо сафарбар кардем, вале натиҷаҳои фаъолияти бостоншиносон қонеъкунанда нест.
Тибқи мушоҳида, корҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои таърихии Тахти Сангин, Ҳулбук, қалъаҳои Кӯлоб, Ямчун, Шайдони Сари Хосор, ёдгориҳои Кангуртут, Золи Зард, Носири Хусрав ва Саразм ба талабот ҷавобгӯ набуда, маводи муаррификунанда доир ба ёдгориҳои таърихии зикршуда таҳия нашудаанд ва дар масири хатсайри онҳо то ҳол корҳои таъмиру азнавсозӣ амалӣ нагардидаанд. Аз ин рӯ, ба Академияи илмҳо, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки бо ихтисоси таърих ва бостоншинос мутахассис омода  мекунанд,  супориш  дода мешавад, ки корҳои илмиву бостоншиносиро дар мавзеъҳои таърихӣ васеъ ба роҳ монанд ва якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таҷдиду барқарорсозии онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд. Ғайр аз ин, осори хаттии забонҳои гуногун, пеш аз ҳама забонҳои қадимаи ориёӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, арманӣ, арабӣ, хитоӣ ва русӣ, вобаста ба таърих, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон бояд ҷамъоварӣ гардида, ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси хонандагон карда шаванд. Дар баробари ин, мо бояд баргардон ва ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани асарҳои таърихиву илмии донишмандонеро, ки дар таърихи илм хизматҳои барҷаста кардаанд, аз хотир набарорем. Зеро ин кор ба рушди забони илм низ мусоидат мекунад.
Мо дар сохтори Иттифоқи нависандагон маркази тарҷума ва дар аксари донишгоҳҳо марказҳои илмӣ таъсис додаем. Вазифаи онҳо маҳз тарҷума, баргардон ва бознашри осори арзишманди гузаштагону муосирони ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба шумор меравад. Гарчанде осори манзуму мансури адибони классикӣ ва муосир қисман таҳқиқу таҳия ва нашр шудаанд, вале масъалаҳои таҳқиқталаб доир ба таърихи адабиёти тоҷик ҳанӯз хеле зиёд мебошанд.
Солҳои охир дар пойтахт як амали неку дурандешона ба ҳукми анъана даромадааст, ки фарзандон ва наздикони олимону адибони фавтида китобхонаи волидайнашонро ба Китобхонаи миллӣ барои истифода месупоранд. Ин китобҳо дар китобхона бо номи соҳибонашон нигоҳ дошта мешаванд ва хонандагон аз онҳо истифода мекунанд. Бо ин роҳ китобҳо аз ҳама гуна хатарҳо ҳифз мешаванд ва, аз тарафи дигар, номи ин олимон абадӣ боқӣ мемонад. Масалан, китобхонаҳои академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессорон Соҳиб Табаров, Раҳим Мусулмониён бо номҳои худашон дар Китобхонаи миллӣ ҳифз шуда, дӯстдорони илму адабиёт ва умуман ҷавонон аз онҳо истифода менамоянд. Вобаста ба ин, ба олимони калонсол, фарзандони донишмандон ва ҳамаи зиёиён муроҷиат карда, хоҳиш менамоям, ки китобхонаи худро ба Китобхонаи миллӣ супоранд, то дигарон низ аз онҳо истифода карда, манфиат бинанд ва ғизои маънавӣ гиранд.
Мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз