logo

порлумон

ВМКБ. ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум нахуст раиси комиссияи вилоятии интихобот Мамадкарим Назиров оид ба натиҷаҳои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузориш дод.

Ӯ зикр кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар ҳудуди вилоят 66  комиссияи ҳавзавӣ ва 279 комиссияи участкавии интихобот таъсис ёфта, дар интихобот 104 ҳазору  862  интихобкунанда иштирок  кард, ки  ин ба 97,3 фоизи шумораи умумии интихобкунандаҳо баробар аст. Дар натиҷаи овоздиҳӣ  64 нафар номзадҳо, ки аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандагонро  ба даст оварданд, ба дарёфти ваколати вакилӣ сазовор гардиданд. Аз онҳо 49 вакил аъзои Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон, 4 - нафарӣ  аъзои  Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби  аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва 3  нафар худпешбар (беҳизб) мебошанд.
Аз шумораи умумӣ 22 нафарро занон (34,4 фоизи шумораи умумии вакилони тозаинтихоб) ташкил медиҳанд.
Баъди тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси  вакилони халқи ВМКБ, тибқи талаботи Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо пешниҳоди Анвар  Акрамов, вакил  аз ҳавзаи  интихоботии  Хичордев №39 ва гирифтани  аксарияти кулли овозҳо Ёдгор  Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Рангкӯл № 66-и ноҳияи  Мурғоб, раиси Маҷлиси  вакилони  халқи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  интихоб гардид.                         
Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  аз ҳисоби вакилони халқи вилоят 7 комиссияи доимии Маҷлиси вакилони  халқи ВМКБ таъсис ёфта, раисон ва аъзои онҳо интихоб гардиданд.
Дар назди вакилон раиси Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар бораи иҷрои нақша ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар  соли 2019 ва вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии  вилоят барои соли 2020, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, гузориш  дод.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон, даъвати шашум,  ҳамчунин, қарорҳои қабулнамудаи раиси вилоятро, ки дар байни иҷлосияҳои бисту чоруми даъвати панҷум ва якуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қабул гардидаанд,  баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2020    №: 57    Мутолиа карданд: 2280
27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед