logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», шаҳри Хуҷанд, 22 марти соли 2020

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», шаҳри Хуҷанд, 22 марти соли 2020
Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии Ҷашни Наврӯзро, ки имсол даҳумин солгарди ҷаҳонишавии ин оини бостонӣ мебошад, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла хурду бузурги мардуми сарбаланди вилояти Суғд ва ҳамаи шумо – ширкаткунандагони чорабинии ҷашнии имрӯза самимона табрик мегӯям.
Орзумандам, ки ин ҷашни байналмилалӣ ба сарзамини хуршедии Тоҷикистони соҳибистиқлол нишоту сарсабзӣ, осоишу ободӣ, неруи созандаву офаранда ва баракату фаровонӣ ҳадия оварад.
Боиси ифтихори мардуми куҳанбунёди тоҷик аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Наврӯз – ин ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо эҳё гардида, мазмуну моҳияти нав пайдо карда, ҳоло ба яке аз беҳтарин оинҳои мардуми мамлакат табдил ёфтааст.
Даҳ сол пеш, яъне соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид бо қабули Қатънома доир ба Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз аҳамияти умумибашарии ин оини бостониро ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ ва эълон намуд.
Ниёгони мо ҳанӯз аз замонҳои бисёр қадим рӯзи аввали солшумории шамсиро рӯзи нахустини баҳор - бедоршавии табиат, олами наботот, оғози киштукор ва такмилу танзими олам медонистанд. Ин ҷашн аз давраҳои бостон то имрӯз ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ ва бахшоишу самимият таҷлил мегардад. Маҳз бо ҳамин сабаб дар тӯли таърих эътиқоди одамон ба Наврӯз, ки яке аз ифтихороти фарҳанги миллии мо мебошад, беш аз пеш афзудааст.
Наврӯз дар масири таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ марҳалаҳои бисёр мушкилу пурпечутобро аз сар гузарондааст. Аммо аҷдоди шарафманди мо, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёд, Наврӯзро на танҳо ҳамчун мероси муқаддаси гузаштагони худ ҳифз кардаанд, балки онро ба сифати оини башардӯстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намудаанд. Аз ин рӯ, Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллии мо мебошад.
Тибқи маълумоти муаррихон Наврӯз ба унвони ҷашни шодиву нишот ва пирӯзии равшанӣ бар зулмат ҳанӯз дар замони Куруш ба сифати ҷашни миллии қавмҳои ориёӣ эълон гардида, барои таҷлили он барномаҳои хосса, аз ҷумла покизаву тоза намудани хонаву манзили зист, бахшидани гуноҳи якдигар ва монанди инҳо муқаррар шуда будаанд. Асрҳои баъдӣ тавассути хонадонҳои Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён шаҳомати Наврӯз дар қаламравҳои зисти мардуми мо густариши бештар пайдо кард.
Эҳёи суннат ва оинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯза, яъне даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун паёми мардуми куҳанбунёди тоҷик ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба оламиён мақоми байналмилалӣ гирифтааст.
Имрӯз мо бо ифтихору шодмонӣ эълон медорем, ки Наврӯзи даврони истиқлол паёмовару оғозгари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост. Муҳимтар аз ҳама, расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, ташаккули фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад.
Яке аз анъанаҳои пурарзиши наврӯзӣ ин аст, ки мардум макони зист, ашёи рӯзгор ва сарулибоси хешро тозаву озода мегардонанд, ҳамчунин, ботину зоҳири худро аз кинаву адоват, хушунату бадбинӣ пок месозанд ва ҳамдигарро бо чеҳраи шоду оғӯши кушода қабул мекунанд.
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо солҳои охир ба истиқболи ин ҷашни фархунда баробари иҷрои суннатҳои он, инчунин, вусъат додани корҳои созандаву ободгарона, сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, бунёди боғҳо, корхонаҳои истеҳсоливу роҳҳо ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Махсусан, дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба Ҷашни таърихии халқи тоҷик - сисолагии Истиқлолияти давлатӣ босуръат ҷараён гирифтани корҳои созандагӣ дар тамоми кишвар, аз ҷумла вилояти Суғди бостонӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.
Имрӯз мо дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон чандин иншооти таъйиноти гуногунро ба истифода додем, ки дар онҳо барои садҳо нафар сокинони вилоят ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шудаанд. Боиси қаноатмандист, ки сокинони вилояти Суғд, хусусан, соҳибкорони бонангу номуси он масъулияти хешро дар роҳи ободии Ватан ба хубӣ дарк кардаанд ва дар ин самт фаъолияти густурдаро ба роҳ мондаанд.
 Дар назар аст, ки ҳамчунин, рӯзҳои наздик дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен боз даҳҳо иншооти навбунёди иҷтимоиву хизматрасонӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ки чунин иқдомот ба чорабиниҳои наврӯзии вилоят шаҳомати бештар мебахшанд.
Ҳозирони арҷманд!
Ҳукумати мамлакат то имрӯз ҷиҳати арҷгузорӣ ба хотираи ниёгони бузургамон тадбирҳои судмандро анҷом дода истодааст. Ҳоло бо ифтихор ва қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки ҷашнҳои 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ ба рӯйхати ҷашнҳои ЮНЕСКО ворид гардида, соли равон таҷлил карда мешаванд.
Ҳамаи ин дастоварду ободкориҳо ба мову шумо ба туфайли пойдории истиқлоли давлатӣ насиб гардидаанд. Бинобар ин, эҳтироми соҳибистиқлолӣ, ифтихор аз давлати соҳибихтиёру озод, таърихи пурғановати аҷдодӣ, мероси бузурги фарҳангӣ ва расму оинҳои гузаштагонамон бояд ба омили муҳими вусъат гирифтани ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дар замири ҳар як фарди ҷомеа табдил дода шавад.
Ободу  зебо кардани  маҳали зист, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ яке аз хислатҳои беҳтарину азалии мардуми мо мебошад. Хусусан, дар шароити паҳншавии босуръати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эътибори ҷиддӣ додан ба ин масъалаҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Зеро саломатии ҳар шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст. Дар ин раванд, зарур аст, ки мардуми мо ба воҳимаю таҳлука наафтанд ва танҳо мувофиқи тавсияи мутахассисон амал намоянд. Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар кишвари соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил Наврӯзро таҷлил менамоем.
Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми неруи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.
Бигзор, Ҷашни Наврӯз ҳамчун решапайванди наслҳо, пайвандгари дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодамон барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони ояндасози мо ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат намояд.
Бигзор, Наврӯз ба ҳар як хонадони мардуми мо, кулли тоҷикони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам паёми бахту саодат ва сулҳу субот оварад.
Бори дигар кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон, сокинони шарафманди вилояти Суғд ва ҳамаи шумо – ширкаткунандагони чорабинии бошукӯҳи имрӯзаро ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи Аҷам самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо хонаи обод, иқболи нек, зиндагии орому осуда ва ба Тоҷикистони маҳбубамон Наврӯзи ҷовидонӣ орзумандам.
Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.03.2020    №: 59 - 60    Мутолиа карданд: 181
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед