logo

ҳуқуқ

БАҲСИ ЗАМИН. "ҶУМҲУРИЯТ" БОЗ ПАЙИ МАКТУБ РАФТ

«Солҳои 2009 ва 2011 бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат ба номи писарам Мирзо Заргаров дар ду маврид 0,12 гектар, ҳамчунин, соли 2011 ба номи худам низ дар Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифтем, ки дар маҷмӯъ, 0,18 гектарро ташкил медиҳад. Барои ҳар як қитъа сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба даст овардем. Баъдан аз мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозати сохтмон дар қитъаи заминро дарёфт намудем. Бо харҷи наздик ба 45 ҳазор сомонӣ пойдевори бино дуруст гардид. Вале муовини аввали вақти раиси шаҳр барои идомаи сохтмон монеъ шуд…».
Ин иқтибос аз муроҷиати Маҳмадулло Заргаров, сокини шаҳри Ваҳдат, аст, ки ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ворид шуд. Дар номаи ин шаҳрванд омадааст, ки қитъаи замини ба ӯ тааллуқдоштаро бидуни ризоят аз ӯ гирифтаанд. Барои омӯзиши воқеияти далелҳои мактуб ва шунидани посухи мақомот дар ин бора ба шаҳри Ваҳдат рафтем.
Рӯзи сешанбе, 17 март ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҳозир шудем. Мутаассифона, дар рӯзи қабули шаҳрвандон на раиси шаҳру муовинонаш, на роҳбари дастгоҳ дар ҷои кор набуданд. Шаҳрвандони зиёд пушти дари мақомдорон дар интизори қабул буданд. Дар ҳамин ҳол М. Заргаров изҳор дошт, ки чанд сол боз ба қабули раиси шаҳр даст намеёбад, то қазияи заминашро дар миён гузорад.
- Вақте ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардам, маълум шуд, ки мақомот заминҳои моро ба Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои васеъ кардани сарҳади корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва баталиони кишоварзии назди агентӣ додаанд. Аммо, то ҳол барои мо замини баробарарзиш ҷудо накарданд, - мегӯяд М. Заргаров.
Ин дар ҳолест, ки тибқи моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад».
Илова бар ин, тибқи моддаи 41 Кодекси замин гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ аз заминистифодабарандагон ва ё истифодабарандагони дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташуда вобаста ба замин мумкин аст баъд аз  амалҳои зерин анҷом дода шавад:
а) баъди  бо хоҳиши онҳо ҷудо кардани қитъаи замини баробарарзиш;
б) дар маҳали нав аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои онҳо қитъаи замин ҷудо карда мешавад бо тартиби муқарраргардида сохтани манзил, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар сохтмонҳои аз рӯи таъйинот монанд ва баробарарзиш ё ин ки дар шакли пулии  арзиши он;
в) мутобиқи  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни ҳаҷми пурраи ҳамаи зарарҳои расондашуда, ҳамчунин, фоидаи аздастрафта.
Ҳангоми гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ тамоми зарар бо нархҳои бозорӣ баҳо дода шуда, бо назардошти ҷойгиршавии қитъаи замин ҳисоб карда мешавад ва аз ҷониби шахсоне, ки ба манфиати онҳо замин гирифта мешавад,  пардохт мегарданд.
Мутаассифона, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, то имрӯз ба шаҳрвандон Заргаровҳо на замини баробарарзиш додаасту на маблағи хароҷоткардаашонро дар замини қаблиашон барқарор намудааст.
Иброҳим Аҳтамов, раиси идораи замини шаҳр, дар суҳбат гуфт: «Ба шаҳрвандон ҷудо кардани қитъаи замин кори идораи замин набуда, балки комиссияи махсуси шаҳрӣ инро амалӣ мекунад ва раиси шаҳр қарор мебарорад. Шаҳрванд Маҳмадулло Заргаров дар чанд нуқтае, ки хост барояш замин ҷудо намоем, онҷо бунёди иншоот, аз ҷумла муассисаи томактабӣ ва нуқтаи нишасти чархбол барои  баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсус пешбинӣ шудааст».
Мо аз қитъаи замини баҳсии ин шаҳрванд, ки феълан дар ихтиёри баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсус аст, дидан кардем. Маълум шуд, ки бо гузашти чанд сол ҳанӯз дар он ягон иншоот бунёд наёфта, балки зербинои қаблан сохтаи М. Заргаровро партовгоҳ кардаанд. Инчунин, як масъули ин баталион дар суҳбат гуфт, ки ҳарчанд ин замин ба ихтиёри баталиони мо гузашта бошад ҳам, то ҳол дар ин бора қарори раиси шаҳр қабул нашудааст. Қарор аст, ҳамин сол дар он ягон иншооти ёрирасон бунёд намоянд. 
Маҳмадулло Заргаров мегӯяд, дар ниҳоят розӣ шуд, ки бо пешниҳоди масъулон дар соҳили дарё қитъаи заминеро дар масоҳати 0,10 гектар соҳибӣ кунад. Вале қитъаи замине, ки ба ӯ пешниҳод гардидааст, дар зери хатҳои баландшиддати барқ ҷойгир буда, ба ин далел идораи шабакаҳои барқи шаҳр барои сохтмон дар ин қитъа иҷозат надодааст. Бинобар ин, аз он қитъаи замин даст кашида, тибқи қонун замини баробарарзиш ба замини қаблиашро талаб дорад, ки то кунун бенатиҷа мебошад.
Дар пасманзари ин масъала суоли матраҳ ин аст, ки 0,18 гектар замини ба шаҳрвандон Заргаровҳо тааллуқдошта ва 45 ҳазор сомонӣ хароҷоти кардаашонро дар он замин кӣ ё кадом мақомот бояд ҷуброн намояд?

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2020    №: 62    Мутолиа карданд: 725
19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед