Хабарҳо
НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД
Ассотсиатсияи нависандагони сафар ва саёҳати кишварҳои ҳавзаи уқёнуси Ором Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои саёҳат кишвари устувор ва осебнопазир эълон намуд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд.
Ассотсиатсияи мазкур ҳар сол дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB-Berlin» ба кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ ҷолиб, муассисаву ташкилот ва кормандони пешқадами соҳа ҷоизаҳои махсус тақдим менамояд.
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари рушдкунандаи соҳаи сайёҳӣ соҳиби ҷоизаи «PATWA 2020» шуд. Бинобар пандемияи COVID-19 Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB-Berlin» имсол баргузор нашуд ва ҷоиза ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон интиқол гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1868