logo

сиёсат

ПАЁМ – ҚУТБНАМОИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Ба назари коршиносон ва таҳлилгарони соҳа, дар ҳолати кунунии баҳси геополитикӣ ва геостратегии баъзе аз кишварҳои ҷаҳон, Тоҷикистон новобаста ба мавзеи ҷойгиршавии географӣ ва мавқеи геополитикии худ тавонист, тавозуни қувваро дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳифз намуда, сиёсати хориҷии мутавозини худро идома диҳад. Мувофиқи Конститутсия ва Консепсияи сиёсати хориҷӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкунанда ва тасмимгирандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, дастовардҳои Тоҷикистон дар бахши сиёсати хориҷӣ бевосита ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд.
Агар мо ба соли 2019 назар андозем, он бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмонаш барои мардуми Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар сиёсати хориҷӣ соли таърихӣ буд. Чун анъана дар соли гузашта Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бисёр кишварҳо сафар намуда, дар чорабиниҳои сатҳи баланд иштирок карданд ва бо як қатор давлатҳо дар бахшҳои зиёди рушди кишвар шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонданд. Аз нуқтаи назари дипломатию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ соли сипаригардида низ идомаи сиёсати бобарор ва комилан мантиқии кишвар дар самти сиёсати хориҷӣ буд. Аз таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо бармеоянд, ки сафарҳои хориҷии Пешвои миллат аз нуқтаи назари сиёсиву амниятӣ саривақтиву мутавозин ва аз нуқтаи назари иқтисодиву тиҷоратӣ манфиатноку инкишофёбанда арзёбӣ мегарданд.  
Давоми соли 2019 зиёда аз чил дидору мулоқоти ҳайати расмӣ ва баландпояи кишварҳои ҷаҳон - сарварони кишварҳо, вазирон, роҳбарони созмону ташкилоти бонуфуз бо Пешвои миллат анҷом ёфтааст, ки ба густариши боз ҳам бештари раванди ҳамгироии Тоҷикистон бо субъектҳои байналмилалӣ таъсири муҳим расонданд. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати як қатор созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои онро ба зимма дошт. Ҷумҳурии мо муваффақ шуд, ки бо қабул ва амалинамоии чандин барномаву лоиҳаҳо барои рушди кишварҳои узви ин созмонҳо саҳмгузории бузург намояд.
Аз ҷумла, моҳи июни соли 2019 Тоҷикистон мизбони нишасти сарони кишварҳои Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) буд, ки ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ роҳбарони зиёда аз 40 кишвари минтақаи Осиё озими Душанбе шуданд. Мавриди зикр аст, ки баргузор гаштани чунин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ, он ҳам бо иштироки роҳбарони олӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, баъзе дидгоҳҳо ва мавқеъҳои нодурусту тахайюлии бофтаро нисбат ба кишвари мо шикаст. Тоҷикистоне, ки аз нуқтаи назари географӣ дар саргаҳи баъзе хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, тавонист амнияту осудагии меҳмононро таъмин намояд ва бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит шуд, ки Тоҷикистон кишвари амну субот ва дар ҳоли рушди босуръат қарор дорад.
Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд, ки соли 2020 Тоҷикистон раёсати Хазинаи  байналмилалии наҷоти Арал, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Раванди Истанбул оид ба Афғонистонро оғоз менамояд.
Таҷрибаи раисии Тоҷикистон дар ниҳодҳои муҳими минтақавӣ, мисли СҲШ ва  СААД  хеле  бузург  буда, дар кору фаъолияти ин гуна созмонҳо нақши сазовор дорад. Бинобар ин, бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти  сарварии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъулиятро муваффақона анҷом ҳоҳад дод.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва глобалие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон махсусан таъкид доштанд, ин мушкилоти норасоии об ба шумор мерафт. Бояд гуфт, ки кишвари мо дар партави татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ду соли охир конфронсҳои байналмилалии сатҳи баландро баргузор менамояд. Таҷрибаи баргузории чунин чорабиниҳо бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар татбиқу амалӣ шудани ташаббуси навбатии худ азми қавӣ дошта, ҷонибдорӣ ҳаллу фасли дастаҷамъонаи ин проблемаи глобалии аср мебошад.
Коршиносон ва таҳлилгарони ватаниву хориҷӣ ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳои сатҳи баландро дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда, онҳоро майдони озоди табодули фикру андешаҳои созанда доир ба пешгирии норасоии об зикр менамоянд.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қутбнамо ва санади инъикосгари масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рушду тавсеаи дурнамои сиёсати хориҷии кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Т. АЗИМЗОДА, корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2020    №: 64    Мутолиа карданд: 146
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед