Хабарҳо
СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД
ТАСС. Дар беморхонаи Роттердам занро қариб ду ҳафта қабл бинобар душворшавии нафаскашӣ бистарӣ намуданд.
Табибон баъди ташхис маълум карданд, ки мубталои коронавирус шудааст. Дарҳол ба ҳуҷраи алоҳида гузаронданду табобат оғоз ёфт. Ба гуфтаи яке аз табибон, бо вуҷуди солорӣ зан неруманд буд ва тамоми тавсияҳоро қатъӣ риоя менамуд. Ин буд, ки табобат натиҷаи мусбат дод.
Зикр меравад, ки зан боз чанде дар хонаи пиронсолон таҳти муоинаи мутахассисон қарор мегирад ва сипас, ҷавобаш медиҳанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1813