Хабарҳо
АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"
"Ал-Ҷазира". Ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ изҳор доранд, ки ба қабули мусалмонон барои адои ҳаҷ пурра омода ҳастанд, аммо кафолати бехатарии онҳоро дода наметавонанд.
«Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар тамоми мусалмонони дунёро даъват мекунад, дар ин замони ҳассос, ки маризии коронавирус ҷаҳонро ба танг овардааст, аз сафари ҳаҷ худдорӣ кунанд», - гуфт Муҳаммад Солеҳ бин Тоҳир, вазири ҳаҷи Арабистони Саудӣ. Ӯ афзуд, ки кишвараш омодаи қабули зоирон ва хизматгузорӣ ба онҳо ҳаст, аммо ҳифзи саломатии зоирон барои Арабистон авлавият дорад.
Қобили зикр аст, ки аз 27 феврал вуруди хориҷиҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ барои адои ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ боздошта шуд.
Тибқи маълумоти ахир, дар Арабистони Саудӣ феълан 1500 нафар гирифтори коронавирус буда, 10 нафар фавтидааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1870