Хабарҳо
ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД
"Parstoday". Вазорати беҳдошти Эрон эълом кардааст, ки то кунун 15 ҳазору 473 мубталои коронавирус беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо ҷавоб дода шуд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, намояндаи вазорат, гуфт, ки шумори гирифторони вируси нав дар ҳоли ҳозир дар кишвар 47593 нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти парламенти Эрон, Раиси парламент Алӣ Лориҷонӣ аз вируси COVID-19 сироят ёфта, алҳол дар хона табобат мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1828