Хабарҳо
ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД
Sputnik. Президенти Россия Владимир Путин зимни муроҷиати видеоияш аз тамдиди рӯзҳои истироҳат то 30 апрел хабар дода, таъкид намуд, ки маоши кормандон ҳифз хоҳад шуд.
Сарвари Россия зикр кард, ки бо назардошти вазъият эҳтимоли ихтисори рӯзҳои таътил пешбинӣ шавад. Владимир Путин вазъи коронавирус дар Маскавро ҷиддӣ хонд, ки сарфи назар аз талоши мақомот, ҳанӯз пеши роҳи сирояти вируси нав гирифта нашудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1734