Хабарҳо
«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ
«Ин дастаи италиянӣ роҳҳои ворастан аз вазъияти вазнини молиявӣ ҷуста, омодаи фурӯхтани ҳамлагари номӣ Криштиану Роналду аст», - хабар медиҳад нашрияи A Bola.
Пандемия боиси боздошти мусобиқот дар кишвар шуд ва роҳбарияти даста нақшаи кам кардани маоши бозигаронро дорад. Аммо баъди ин ҳам, эҳтимол онҳо бо Роналду хайрухуш кунанд. Айни замон, "бянконерҳо" маҷбуранд соле барои маоши португалӣ 54 миллион евро сарф созанд.
«Ювентус» омода мебошад, ки Криштиануро ба ягон тими хориҷӣ ба ивази тақрибан 70 миллион евро диҳад. Ҳамзамон, роҳбарияти команда имкони тамдиди шартнома бо ҳамлагари 35 – соларо баррасӣ менамояд. Ба шарте ки ӯ ба маоши хеле камтар розӣ шавад.
ТЕННИС. МУСОБИҚАИ УИМБЛДОН БАРГУЗОР НАМЕШАВАД
«Сабаби бори аввал аз соли 1945 доир нагаштани ин мусобиқаи машҳуртарини тенниси калон пандемияи Covid-19 шуд», - мегӯянд ташкилотчиёни сабқат.
"Дар навбати аввал мо аз саломатӣ ва бехатарии тамошобинон ва теннисбозон дар Британия фикр мекунем. Чун тадбирҳои ҳукуматӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус метавонанд моҳҳои зиёд идома ёбанд, салоҳ донистем, сабқати Уимблдонро мавқуф гузорем", — омадааст дар сомонаи мусобиқа.
Ҳамин тавр, бори нахуст дар 75 сол Уимблдон беҳтарин теннисбозони ҷаҳонро гирд намеорад. Тибқи нақша он бояд 29 июн - 12 июл доир мегашт. Зикр меравад, ки ба нафарони чиптахарида пулро бармегардонанд.
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1843