Хабарҳо
ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД
Соли рафта варзишгарони ноҳия аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 1 медали тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ, ҷумҳуриявӣ 38 медали тилло, 19 нуқра, 12 биринҷӣ ва минтақавӣ 14 медали тилло, 15 нуқра ва 19 биринҷӣ ба даст оварданд, - гуфт Ҷамолиддин Оев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Варзоб.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри тарғиб ва пешбурди тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону наврасон пайваста талош намуда, барои варзишу тамрин шароити зарурӣ фароҳам овардааст. Айни замон дар ноҳия 2 варзишгоҳ, 46 майдонча, 17 толор мавриди истифода аст. Инчунин, мактаби варзишӣ бо теъдоди 9 мураббӣ ва 350 варзишгар фаъолият намуда, аз рӯйи намудҳои волейбол, футбол, лижаронии кӯҳӣ, дзюдо, самбо ва гӯштии миллӣ тамрин медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёди 33 майдонча ва 16 толори варзиш дар назар аст.
Мафтуна НУРИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1844