logo

Хабарҳо

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Дар вохӯрии Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, котиби Шӯрои амнияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон гуфтугӯ бештар перомуни вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ҷараён гирифт.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов зикр намуд, ки  бо супориши Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина равнақу ривоҷ бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ дар тамоми манотиқи кишвар роҳбарони  баландпояи ҷумҳурӣ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ ва назди Ҳукумати кишвар, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ба минтақаҳо вобаст карда   шудаанд. Сарпарастии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшонро муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳмадтоир ба зимма дошт. Алҳол Маҳмадтоир Зокирзода Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб  гардидааст ва котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ВМКБ  мебошад. Раиси вилоят ба М. Зокирзода ҷиҳати саҳмгузориашон дар рушди вилоят аз номи мардуми Бадахшон изҳори сипос карда, ба Маҳмудзода Насрулло барои фаъолияташон муваффақият таманно кард.
Насрулло Маҳмудзода гуфт, ки вазифаи ҳамаи мо дар  марҳилаи ҳозира ин  дар  партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат бахшидани  корҳои ободониву созандагӣ, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, бахусус дар  самти истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда, мебошад. Зикр гардид, ки дар иншооти алоҳида суръати корро тезондан зарур аст. Имсол сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят дар назар аст, ки ин дар назди ҳамаи мо масъулияти  бештар мегузорад.
Ёдгор Файзов таъкид кард, ки ба вилоят барои корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз ҳамаи  сарчашмаҳо маблағҳои зиёде равона мегарданд, ки оқилонаву  мақсаднок аз худ кардани онҳо аз ҳамаи мо масъулияти калонеро тақозо  дорад. Ҳамчунин, вусъати корҳо ҷиҳати ободонии манзили  истиқоматӣ, идора, гирду атроф, маҳали зисту ҷои кор бояд вазифаи  ҳамарӯзаи мо қарор  гирад.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 287
28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед