Хабарҳо
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД
5 апрел 29 – умин Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ шурӯъ шуд. Дар даври аввал тимҳои «Локомотив – Помир» бо «Файзканд», «Хатлон» бо «Истаравшан» ва «Кӯктош» бо «Регар – ТадАЗ» қувваозмоӣ намуданд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозӣ байни тимҳои «Локомотив – Помир» – «Файзканд» (2:2) ва «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» (0:0) мусовӣ хотима ёфта, дар дидори дигар, «Хатлон» дар хонааш дастаи «Истаравшан» - ро бо натиҷаи 2:1 шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки ду бозии дигар миёни дастаҳои «Душанбе – 83» - «Истиқлол» ва КМВА – «Хуҷанд» 8 апрел баргузор мегардад.
СУПЕРҶОМИ МАМЛАКАТ. ИСТИҚЛОЛ» БОЗ ОНРО ҲИФЗ КАРД
Дастаи «Истиқлол» барои ба даст овардани Суперҷоми кишвар тими «Хуҷанд» - ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, маротибаи нуҳум онро соҳиб гардид.
Тибқи иттилои сомонаи дастаи «Истиқлол», аввалин шуда легионери дастаи «Хуҷанд» Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 2-юм ҳисобро боз намуд ва бо ҳамин ҳисоб нимаи аввал ба анҷом расид.
Дар дақиқаи 78-ум ҳамлагари тими «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро баробар карда, пас аз ду дақиқаи дигар Муҳаммадҷон Раҳимов тӯби ғалабаоварро ба ҳадаф расонд.
Пеш аз ин «Истиқлол» солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ин ҷомро ба даст оварда буд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1554