logo

Хабарҳо

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

Дар партави дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тавонмандии бештар касб карда, имрӯзҳо дар ҳама ҷузъу томҳои Артиши миллӣ барои афсарону сарбозони шуҷои мамлакат шароитҳои хуби хизматӣ фароҳам шудаанд. Ҷавонони бонангу номуси вилоят хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан қарзи виҷдонии ҳар ҷавонмарди бо нангу номус аст. Зеро хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон аст.
Ин нуктаро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, дар чорабинии бошукӯҳу тантанавие, ки ба муносибати гусели нахустин наваскарон 3 апрел дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд созмон дода шуд, баён дошт. Дар чорабинӣ, ки афсарону сарбозон, собиқадорони соҳа, волидони ҷавонони даъватшуда, ҳузур доштанд, раиси вилоят изҳор дошт, ки   ҳамасола, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шароит муҳайё месозад, ки дар давоми сол падару модарон ва наздикони сарбозони вилоят ба қисмҳои ҳарбии воқеъ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ рафта, бо шароити хизмати фарзандонашон аз наздик шинос шаванд.
Комиссари ҳарбии вилояти Суғд полковник Давлатшоҳ Мирзозода аз ихтиёран ҳозир шудани ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар рӯзҳои нахустини маъракаи даъват истиқбол кард ва ба наваскарон хизмати содиқонаву бобарор орзу намуд.
Худи ҳамон рӯз баъд аз анҷоми маросими идонаву тантанавӣ 500 нафар ҷавони ватандӯсти вилоят бо амри дил ва дуои пирони кор ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 969
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед