logo

Хабарҳо

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

Калиди  ганҷинаи  илму  маърифат,  асоси  хираду  заковат,  фарҳангу тамаддун ва  илму  адаби  пойдору  устувор  китоб  мебошад. Ин аст, ки ҳамасола  аз 2 апрел бахшида ба рӯзи таваллуди афсонанависи даниягӣ Ҳанс Христиан Андерсен дар саросари олам Ҳафтаи байналмилалии китоби кӯдакона таҷлил мегардад. Аз соли 1967 бо ибтикор ва қарори шӯрои байналмилалӣ оид ба китоби кӯдакона дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон озмуну намоишҳо, конференсияву фестивалҳо доир мешаванд.
Аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон  бо ташкил намудани суҳбатҳои мизи гирд дар ҳар мавзӯъ, конфронс ва намоиши китобҳо баргузор мегардад. Корманди шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Фирӯза  Раҳимова ба «Ҷумҳурият» хабар дод, аз 2 то 9 апрел дар саросари кишвар Ҳафтаи китоби кӯдакон ва  наврасон гузаронда мешавад. Дар ин намоиш Китобхонаи миллӣ  даҳҳо китоби дар солҳои мухталиф интишоршударо ба намоиш мегузорад. Дар ин муддат хонандагон имкон доранд бо беҳтарин нигоштаи шоирону нависандагони тоҷик ва адибони хориҷӣ дар бораи кӯдакон ошно шаванд.
Хонандагон, ҳамчунин, метавонанд мувофиқи завқи худ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ ва ғайра китоб дастрас намуда, мутолиа намоянд. Дар намоиш китобҳои нодир, серхонандатарин, сертиражтарин, энсиклопедия ва донишномаҳо барои кӯдакон ва афсонаву қиссаҳои нотакрор низ ба намоиш гузошта мешаванд.
Бештари ин китобҳо дар Тоҷикистон интишор ёфтаанд, вале дар радифашон ҳастанд китобҳое, ки дар хориҷи кишвар нашр шудаанд.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 303
28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед