Хабарҳо
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон либоси ягонаи варзишии тими олимпии Тоҷикистон дар 32-юмин Бозиҳои олимпӣ (Токио) муаррифӣ шуд. Мунтахаби олимпии кишварро ширкати ватании «Iamdifferent» бо либоси варзишӣ таъмин менамояд.
Котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллозода иброз намуд, ки кумита бо ширкати «Iamdifferent» таҷрибаи корӣ дорад. Ин ширкат соли 2016 тими олимпии мамлакатро бо либоси варзишӣ таъмин намуда буд ва имсол низ ташаббус ба даст гирифт, ки олимпичиёнро дар масъалаи либос ва лавозимоти варзишӣ сарпараст бошад.
Либоси варзишӣ аз се маҷмӯъ иборат буда, 22 номгӯйро дар бар мегирад.
Ба маҷмӯи асосӣ ду намуд либоси варзишӣ (спортивка) ва ду намуд футболка, либоси зимистона (куртка) ва ҷузвдон барои тамрин дохил мешаванд, ки бо орнаментҳои миллӣ ороиш дода шудаанд.
Маҷмӯи дуюм аз либосҳои иловагӣ иборат аст. Либоси варзишӣ (спортивка) барои тамрин ду намуд, бодгир (ветровка) ва футболкаҳо.
Ба маҷмӯи сеюм таҷҳизот ворид аст, ки аз ҷузвдон-рюкзак, ду намуд кулоҳи варзишӣ, кулоҳ (шапка), соат ва шарф таркиб ёфтааст.
Барои ҳайати тими олимпии кишвар, ҳамчунин, либоси расмӣ ҷиҳати гузаштани парад омода карда мешавад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1608