logo

Хабарҳо

ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» натиҷагирӣ шуд. Маросими бошукӯҳ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва китоб, ки бинандагонро ба ваҷд овард, оғоз ёфт.

Қаблан, гурӯҳи кории шаҳрӣ, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъсис ёфта буд (аъзои ҳайати ҳакамон) боғҳо, гулгаштҳо, кӯчаҳо, мавзеъҳои гулкории пойтахт, гулзорҳо, композитсия ва дизайни онҳоро санҷида, ба сифати корҳои иҷрошуда баҳогузорӣ намуд.
Боғи ба номи Аҳмади Дониш (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) «Боғи беҳтарин», гулгашти назди Сирки давлатии Тоҷикистон (ноҳияи Фирдавсӣ) «Гулгашти беҳтарин», кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур) «Кӯчаи беҳтарин» ва сокини пойтахт Азиза Раҳматова «Гулпарвари беҳтарин» дониста шуданд.
Дар ҳамин номинатсияҳо боғи устод Рӯдакӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), гулгашти хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Шоҳмансур), хиёбони Исмоили Сомонӣ (ноҳияи Сино) ва сокини Душанбе  Қурбонбек Бобобеков сазовори ҷойҳои дуюм, боғҳои Куруши Кабир ва Наврӯзгоҳ, гулгашти хиёбони Рӯдакӣ, хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ва сокини пойтахт Ҳамзирамоҳ Сайдалиева сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд. Ширкатдорони фаъоли озмун низ бо сипоснома ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд.
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 13 декабри соли 2018) ба истиқболи Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар баргузор гардида, ҳадаф аз он боло бурдани завқи зебоипарастӣ, донишу маърифат, ҷаҳонбинии ҳар сокини Ватан ва ободу зебо намудани ҳар хонаю гузар, маҳалла, деҳа, шаҳру ноҳия - дар маҷмӯъ тамоми Тоҷикистон мебошад.
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе, барои мукофотондани ғолибон (аз рӯи чор номинатсия) 88 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Ғолибони ҷойҳои аввал (ҳар кадом) ба маблағи 10 ҳазор, дуюм 7 ҳазор ва сеюм 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.
Тавре муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода дар маросими ҷоизасупорӣ зикр кард, дар доираи омодагӣ ба озмун дар пойтахт корҳои ободонӣ вусъат гирифта, дар кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва атрофи муассисаю корхонаҳо беш аз 113,3 ҳазор бех ниҳоли дарахту буттаҳои ороишӣ, 11,4 миллион  дона гул шинонда, дар майдони 235,4 ҳазор метри мураббаъ майсазор бунёд карда шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда хеле зиёд аст.

С. РАҶАБЗОДА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 326
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед