logo

Хабарҳо

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ КИШОВАРЗӢ

Кишоварзӣ соҳаи асосии пешбарандаи иқтисодиёти ноҳияи Рашт буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саъю талоши сокинони заҳматпеша тайи солҳои охир уфуқҳои тозаи рушд касб мекунад.
Ин аст, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли сипаришуда ба 447 миллиону 314 ҳазор сомонӣ расид, ки дар қиёс ба соли 2018 қариб 6 миллион сомонӣ зиёд аст.
Тавре Ғайниддин Манонов, муовини раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар хамаи бахшҳои ноҳия нишондиҳандаҳои картошка, ғалла, мева сабзавот ва дигар зироатҳо ташкил медиҳанд, ки кишоварзон аз майдони  4 ҳазору 659 гектар заминҳои корами обӣ истеҳсол кардаанд.
Бо мақсади азхудкунии заминҳои нав, барқарор кардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва бунёди боғҳои нав тадбирҳои судманд мавриди амал қарор гирифтаанд. Соли гузашта барои беҳтар намудани ҳолати обёрии заминҳои кишт ба маблағи 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону барқарорсозии каналу заҳбурҳо ба анҷом расонда шуд.
Дар ин давра бо мақсади зиёд кардани истеҳсоли мева ва ташкили ҷойҳои нави корӣ 73 гектар боғи нав бунёд ва майдони 213 гектар боғи куҳна барқарор гардид.
Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 46 ҳазор, мева ба 18 ҳазор ва ғалладонаву сабзавот ба 16 ҳазор тонна расид. Ҳоло дар хамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бунёди сардхонаву гармхонаҳо идома дорад.
- Барои рушди ин соҳаи муҳими хоҷагии халқ аз ҳоло заминаҳои боэътимод гузоштан зарур аст, то кишоварзон марҳила ба марҳила истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, аз қабили картошка, ғалла, мева ва асалро боз ҳам афзоиш диҳанд, - гуфт Ғайниддин Манонов.

Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 320
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед