logo

Хабарҳо

АРМУҒОН АЗ КУРИЁ

Дар Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар рӯнамоии китоби адиби ҷавон Таҳмина Убайдуллоева – «Қаҳрамонии ҷовидонаи Темурмалик» баргузор шуд, ки дар Ҷумҳурии Куриё бо забонҳои русӣ, англисӣ ва куриёӣ интишор ёфтааст.
Ин китоби иборат аз афсонаи таърихӣ дар бораи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ва муборизаи беамони ӯ ба рағми истилогарон қисса мекунад. Нашри онро мувофиқи иқдоми Пажӯҳишгоҳи фарҳанги Маркази давлатии тамаддуни Осиёи Марказӣ ба сомон расондааст.
Муаллиф Таҳмина Убайдуллоева аз ибтикори ин марказ шод буда, дар бораи барнома гуфт: «Чунин корҳои хайр дар доираи барномаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Куриё ва 5 мамлакати Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон роҳандозӣ шуда, намунаҳои беҳтарини афсонаву қиссаҳои адибони ин кишварҳоро нашр ва паҳн мекунанд».
Ин бор бахт ба рӯи Таҳмина хандид ва китоби «Қаҳрамонии ҷовидонаи Темурмалик» нашр гардид. Китоб бо 3 забон интишор ёфта, байни кӯдакону наврасон тақсим мешавад. Дар ороиши китоб рассоми куриёӣ Ли Мёне заҳмат кашида, муҳорибаҳои Темурмаликро дар пайвастагӣ бо матн тасвир кардааст. Мавсуф асрори наққошии шарқиёнаро дар дониш-гоҳи Куриё омӯхта, ҷоизадори чандин озмунҳои байналмилалист.
- Кумитаи осиёии «Санъати афсонагӯӣ» ва Маркази давлатии тамаддуни Осиёи Марказӣ тавассути чопи чунин китобҳои пурмазмун дар беҳтар шудани муносибатҳои халқу миллатҳо хидмат мекунанд. Муаллифи китоб Таҳмина Убайдуллоева аз адибони ҷавон, аммо бомаҳорату корозмудаи мост. Ӯ солҳо дар нашрияҳои гуногун қалам санҷида, тайи чанд соли охир вазифаи котиби матбуотии Вазорати фарҳанги ҷумҳуриро бар уҳда дорад. Донандаи хуби забонҳои русиву англисӣ аст, - гуфт адиб ва тарҷумони шинохта Абдуғаффори Абдуҷаббор, ки дар ҷодаи эҷод раҳбалади қаҳрамони мост.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 316
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед