logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт

27 феврали соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро, ки бо  ҳайати бонуфуз барои мушоҳида аз рафти интихоботи порлумонӣ ба  Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили омодагӣ ба интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуданд.
Сергей Лебедев аз рафти мушоҳидаҳои ҳайати 160 – нафараи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 4 – уми феврали соли равон фаъолият дорад, ба Сарвари давлат        Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки «дар ҷараёни омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон талаботи Конвенсияи стандартҳои интихоботии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил риоя мешаванд».
Президенти мамлакат   Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «роҳбарияти давлати Тоҷикистон тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки интихобот дар фазои шаффофу демократӣ ҷараён гирад ва мардум озодона овоз диҳад».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва густариши робитаҳои стратегии Тоҷикистону Русия гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
* * *
-Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба таври шаффоф ва демократӣ баргузор гаштани интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тамоми чораҳои зарурӣ ва муассирро андешидааст,- гуфт Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Бино ба иттилои Сергей Лебедев омодагӣ ба интихобот бо риояи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсия оид ба меъёрҳои баргузории интихоботи демократӣ, ки соли 2002 дар шаҳри Кишинёв аз ҷониби кишварҳои аъзои ИДМ ба тасвиб расида буд, ҷараён дорад. Мо бо ҷаноби Президент натанҳо дар атрофи масоили вобаста ба интихобот, балки оид ба вазъи иҷтимоию  иқтисодӣ ва сиёсии кишвар, демократисозии ҷомеа. таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаи иқтисодӣ бо кишварҳои ИДМ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор намудем.
– Ман аз он қаноатманд гаштам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Президент баҳри рушди устувори иқтисодиёти кишвар, беҳсозии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҳалли мушкилоти молиявӣ, ки имрӯз натанҳо фарогири Тоҷикистон,  балки кулли давлатҳои ИДМ гардидааст, пайваста саъю талош дорад,- иброз дошт Сергей Лебедев.

Додоҷон Рӯзиев,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 709
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед