logo

илм

ИЛМ. АЗ БУРДҲО ТО БОХТҲО

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони  соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат ба ман, ки беш аз 50 сол дар боргоҳи илм – Академияи миллии илмҳо ба таҳқиқ машғулам, таассуроти амиқ бахшид.

Таваҷҷуҳи зиёд ба  фарҳангу тамаддуни бостониву ғании тоҷик, осору кашфиёти  донишмандони бузург аз самтҳои асосии давлатдории Пешвои миллат  мебошад, ки пайваста омӯзиши  мероси  илмиву фарҳангии гузаштагон ва дастраси оламиён  гардондани онҳоро  талқин менамояд. Бесабаб нест, ки суханрониро  дар  мулоқоти мазкур низ  бо  баёни  ҳамин нукта  шурӯъ намуданд: «Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва  осори донишмандону муҳаққиқони маъруф зикр шудааст, ки замоне тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақлии тамаддуни башарӣ қарор доштаанд. Онҳо дар бунёди давлатҳои  муташаккилу неруманд, офаридани нахустин арзишҳои фарҳангӣ, низоми одилонаи  ҳуқуқӣ, осори ахлоқӣ ва таълифоти  илмӣ саҳми беназир гузоштаанд.»
Мутаассифона, ба ин масъалаи муҳим, ки  на  танҳо барои омӯхтани тамаддуни бостонии мо, балки  барои пешрафти илму  ҷомеаи имрӯза ҳам  хеле судманд аст, дар ниҳодҳои илмии Академияи миллии илмҳо  таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намешавад. Ҳар гоҳ ба муносибати ҷашну ёдбуди донишмандону суханварони  маъруфи гузашта як - ду асари онҳоро чоп ва  бо чанд суханронӣ адои вазифа мекунанд. Омӯзиши амиқу пайвастаи бомарому бонизоми  осори илмии гузаштагон ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст. Вақти он расидааст, ки  дар Академияи миллии илмҳо як маркази қавии омӯзиши таърихи илму фарҳанги тоҷик таъсис ёбад, ки коршиносону донишмандони соҳаҳои гуногуни  илм, бахусус илмҳои физика, химия, риёзӣ, тиббу  табиатшиосӣ, дар он муттаҳид шаванд, ба онҳо, ҳамчунин, забонҳои хориҷӣ, махсусан арабиву англисӣ ва забонҳои бостониро омӯзонанд, то ки тавонанд аз сарчашмаҳои гуногун истифода баранд. Шуъбае, ки бо номи  таърихи илм дар  Институти  таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш мавҷуд аст, ҷавобгӯи талабот нест, зеро кормандони он асосан ба омӯзиши таърихи илми асрҳои охир машғуланд. Омӯзиши таърихи илми тоҷик имрӯз дар замони   пешрафтҳои  азими  илму технология барои тарбияи завқи наврасон ба илмҳои риёзиву табиатшиносӣ низ мадад мерасонад, зеро кашфиёти зиёди донишмандони  гузаштаи мо имрӯз низ арзиши худро гум накардаанд ва қобили истифода мебошанд.
Дар суханронӣ дар баробари нишон додани  комёбиҳои муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ба норасоиҳои зиёди он низ ишора шудааст: «Фаъолияти  институтҳои  академия  ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад ва бо вуҷуди  дастгириҳои давлатӣ корҳои илмии кормандони  онҳо ба талаботи давлат кам ҷавобгӯ мебошанд». Сарвари давлат дуруст мушоҳида кардаанд, ки «иқтидори кадрии Академияи миллии илмҳо имрӯз назар  ба солҳои пеш хеле коҳиш ёфтааст». Масалан, миқдори  номзадҳои  илм дар даҳ соли охир ба ҷои зиёд шудан ду баробар кам шудааст. Вале роҳбарияти  Академияи илмҳо барои ҷалби ҷавонон ва тарбияи кадрҳо  тадбирҳо намеандешад. Солҳои охир  ба вазифаҳои масъули роҳбарии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо таъйин кардани  устодони донишгоҳҳои  ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳол он, ки  тарзу усули фаъолияти илмӣ  дар муассисаҳои академия ва донишгоҳҳо фарқ мекунанд. Аз ин ҷост, он устодон пас аз дарёфти  унвонҳои баланд аз рӯи вазифа муассисаҳои илмиро тарк намуда, ба донишгоҳҳои худ бармегарданд. Ҳоло дар ҳайати  аъзои Академияи миллии илмҳо бештар касонеанд, ки дар  муассисаҳои илмӣ кор намекунанд. Бинобар ин, пешниҳоди  Сарвари давлат дар хусуси роҳ надодан ба онҳое, ки дар вазорату идораҳои гуногун кор мекунанду ҳамзамон  мехоҳанд соҳиби дараҷаву унвонҳои илмӣ шаванд, хеле бамаврид аст.
Агар имрӯз ба ҳисоботҳои  фаъолияти академия назар андозем, мебинем, ки  ҳар сол ҳаҷми онҳо зиёдтар мешавад ва дар назари аввал дастовардҳои илмӣ ба суръати кайҳонӣ меафзоянд. Ба даст овардани чанд патенту пешниҳодҳои амалӣ, кишти навъҳои нави зироат, чопи асарҳои гуногун, ташкили конференсияҳои илмӣ ва амсоли инҳо чун дастоварди муҳими илмӣ арзёбӣ мешаванд. Академияи миллии илмҳо бояд маншаи идеяҳо, фарзияҳо  ва тавсияву пешниҳодҳои назариявӣ бошад, неруҳои илмиро ҳамоҳанг созад ва  ба таҳқиқи  масъалаҳои умдаи ҳаёти сиёсиву  иҷтимоӣ ва  иқтисодиву фарҳангии мамлакат  роҳнамоӣ кунад.  Масалан, раёсати  академия ҳадафу вазифаи институти навтаъсиси омӯзиши  давлатҳои Осиё ва Аврупоро таҳқиқи вазъи сиёсиву иқтисодии кишварҳои хориҷӣ муайян кардааст. Вале барои сафари кормандон  ба он кишварҳо ва ҷамъоварии маводи илмӣ имконият фароҳам намеорад. Институт то ҳол ҳатто китобхонаи илмӣ надорад. Аз кишварҳои таҳқиқшаванда ягон маводу иттилои дақиқ намегирад. Оё танҳо бо  маълумоти  интернет вазъи кишварҳои хориҷиро омӯхтан  мумкин аст? Ин пажӯҳишгоҳ натавонист ҷои  Институти шарқшиносиро, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дошт, бигирад. Агар мо хоҳем, ки илми шарқшиносӣ эҳё гардад, бояд дар заминаи Маркази дастхатҳо Институти  шарқшиносӣ  таъсис дода шавад.
Сарвари давлат  дар мисоли  Институти таърих, бостоншиносӣ ва  мардумшиносӣ ба дастовардҳову норасоиҳои фаъолияти  пажӯҳишгоҳҳое, ки  ба омӯзиши масъалаҳои  забон, адабиёт ва фарҳанги гузаштаи тоҷик машғуланд, ишора кард ва зарурати нашру тарҷумаи осори  гузаштагонро ба миён гузошт. Дарвоқеъ, оид ба ин масъала дар муассисаҳои академия  муносибати  ҷиддиву низоми ҳадафманд камтар аст. Бинобар ин, дар сохтори Академияи миллии илмҳо бояд як марказе бошад, ки  ба омӯзиши ҷиддии осори илмии донишмандон, тарҷумаву таҳияи онҳо ба забонҳои гуногун машғул шавад. Ҳамчунин, ин марказ метавонад дастовардҳои  муҳими илми муосири тоҷикро ҳам  тавассути тарҷумаву нашр ба оламиён муаррифӣ кунад. Ҳоло асарҳои илмии донишмандон, ки аксари онҳо  дорои  кашфиёту бозёфтҳо ва нуктаҳои тоза ҳастанд, бо теъдоди  на бештар аз 200 нусха  чоп  мегарданд ва дар анбор  мехобанд, на ба марказҳои илмӣ фиристода ва на ба фурӯш бароварда мешаванд. Солҳои пешин дар  пойтахт  бо унвони  «Академкнига» фурӯшгоҳи бузурге буд, ки китобҳои нашриёти Академияи миллии илмҳо ва, умуман, китобҳои илмиро мутахассисон аз он ҷо мехариданд. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки он аз байн рафт ва китобҳои илмӣ  бесоҳиб монданд. Вақти он расидааст, ки дар пойтахт ва шаҳрҳои дигар  дар  радифи кохи  фарҳанг - Кохи илм таъсис дода шавад, ки дар  он  мулоқоти  донишмандон бо мардум, ҳамоишҳои илмӣ, фурӯши китобҳои илмӣ, намоиши ихтирооту кашфиёти олимон ва дигар тадбирҳои илмӣ пайваста баргузор гарданд. Дар сохтори раёсати  Академияи миллии илмҳо бахше бо унвони  Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмиву тадқиқотӣ мавҷуд аст, ки гоҳ-гоҳ  намояндагонро аз соҳаҳои гуногуни илм ҷамъ намуда, мавзӯот ва лоиҳаву тарҳҳои пешниҳодшударо баррасӣ ва тасдиқ менамояд. Табиист, ки як шӯрои ҷамъиятӣ наметавонад арзиши ҳар мавзӯъро  амиқу ҳарҷониба  муайян кунад. Ба назари мо  шӯро ё маркази ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ бояд дар муассисаҳои   пешрави ҳар соҳаи илм  таъсис шавад, беҳтар аст.
Дар суханронии Сарвари давлат борҳо кам шудани  теъдоди кормандони унвондори илмӣ дар ҷумҳурӣ, кишварро тарк кардани  мутахассисону донишмандони соҳаҳои гуногун ишора шудааст. Ба назари мо, илова бар  ҳодисаҳои номатлуби ҷанги шаҳрвандӣ барои «фирори мағзҳо», яъне ҷумҳуриро тарк кардани  олимон  вазъи ҳавасмандкунии моддиву маънавии кормандони илм низ сабаб шудааст. Дар  тақдиру  ҷоизадиҳӣ низ самараи илмӣ, хидмат ва фаъолияти илмии олимон ба назар гирифта  намешавад. Аксар вақт онҳое соҳиби  ҷоизаҳо мешаванд, ки дар пешрафти илм саҳм надоранд ва бо роҳу василаҳои гуногун соҳиби унвону ҷоизаҳо мегарданд. Ин, албатта, боиси рӯҳафтодагии олимоне мегардад, ки барои илм содиқона хидмат мекунанд.
Дар суханронӣ ба масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд. Хеле хуб  аст, ки  ба олимони ҷавон  сол ба сол таваҷҷуҳу ғамхорӣ  бештар мегардад.
Дар суханронӣ таъкид гардидааст, ки  «дар интихоби мавзӯъҳо саҳлангорӣ мушоҳида  шуда, маблағҷудокунӣ ба илмҳои барои кишвар зарурӣ кам мебошад». Дар ҳақиқат, дар муассисаҳои илмӣ  таҳқиқи мавзӯъҳои беарзишу такрорӣ зиёд мушоҳида мешаванд. Аз тарафи дигар, аксаран ҳангоми додани мавзӯъҳои супоришӣ имкониятҳои муассисаҳоро ба назар намегиранд. Илова бар ин, дар чунин мавридҳо имкониятҳои инфиродии кормандони илм, завқу шавқ, майлу хоҳиши онҳоро, ки  иҷрокунандаи мавзӯъ мебошанд, ба назар намегиранд. Таърихи илм собит кардааст, ки аксари кашфиёти илмӣ  дар натиҷаи  саъю кӯшиши тӯлонии олимоне, ки ба мавзӯе дилбастагӣ доранд, ба вуҷуд омадааст.
Дар  суханронии Сарвари давлат ба як масъалаи муҳим  ишора шудааст, ки ин муайян кардани  сабаби дар шароити номусоиди гузашта аҷдодони мо тавонистанд кашфиёту ихтирооти оламшумул намоянд, вале имрӯз бо вуҷуди он ки  ҳамаи  шароит барои  фаъолияти илмӣ  муҳайёст, чунин донишмандон ба назар намерасанд. Равшан кардани ин масъала вазифаи Академияи миллии илмҳост, вале, ба омӯзиши ин масъала, ки аҳамияти калони назариву амалӣ дорад, дар ин боргоҳи илм касе машғул нест.
Мақоми миллӣ гирифтани Академияи илмҳои Тоҷикистон  масъулияти раёсат, муассисаҳои илмӣ  ва ҳамаи кормандони онҳоро боз ҳам бештар менамояд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бояд маркази воқеии илми тоҷик ва  ҳамоҳангсозу роҳнамои   илму фарҳанг ва  маънавиёти мардум бошад.

Мирзо МУЛЛОАҲМАД, узви вобастаи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2020    №: 73    Мутолиа карданд: 174
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед