logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН БО НАВИШТАҶОТЕ ДИЛИ МИЛЛИОНҲОРО ГАРМ КАРД

«Ташаккур ба Тоҷикистон. Барои он ки шумо Испанияро дар бозии байни дастаҳои «Локомотив - Помир» ва «Душанбе - 83» ба хотир овардед».
Ин сатрҳоро нашрияи машҳури варзишии Испания «Marca» дар сомонааш навиштааст. Ин дар ҳоле рӯй дод, ки бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар лавҳаи гирди майдон навиштаҷоти «Stray strong, Spain! Tajikistan is praying for you» («Қавӣ бош, Испания! Тоҷикистон дуогӯи шумо мебошад!» ҷой дода шуда буд.
Инчунин, аз ин иқдоми Тоҷикистон собиқ бозигари дастаи «Барселона» ва тими миллии Испания Луис Гарсия дар саҳифаи Инстаграмаш барои ин ёдоварӣ дар рӯзҳои сахт барои Испания ва тамоми ҷаҳон, ки пандемияи коронавирусро аз сар гузаронда истодаанд, изҳори сипос намудааст.
Шериддин Бобоев, ҳамлагари дастаи «Истиқлол» бошад, пас аз голи задааш ба дарвозаи тими КМВА санаи 12 апрел  пироҳанашро баровард, ки чунин навишта шуда буд: «We are one peace. Health to the world. With love Tajikistan» (Мо якҷоем. Саломатӣ ба тамоми ҷаҳон. Бо муҳаббат аз Тоҷикистон). Ҳарчанд барои ин амал корти зард ҳам гирифта бошад, амали дастгирии Шериддин шоистаи таҳсин аст.

САМБО. КИҲО ЧЕМПИОНИ КИШВАР ШУДАНД?
Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо миёни мардон баргузор шуд, ки дар он 165 варзишгар дар ҳайати 7 даста: Душанбе – 1, Душанбе – 2,  Хатлон – 1, Хатлон - 2, Суғд, ВМКБ ва ШНТҶ иштирок кард.
Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) аз рӯи 9 категорияи вазнӣ сурат гирифта, дар панҷ вазн самбочиёни Душанбе -2, ду вазн намояндагони вилояти Суғд, дар яквазнӣ варзишгарони Хатлон – 2 ва ВМКБ ғолиб омаданд.
Ҳамин тавр, Сомон Сангов (-52 килограмм, Душанбе – 2),  Акмалиддин Каримов (-57 килограмм, Душанбе – 2), Сорбон Латифов (62 килограмм, Хатлон – 2), Муҳаммадисо Раҷабов (-68 килограмм, Душанбе – 2), Деваштич Убайдӣ (-74 килограмм, Душанбе – 2), Ҳамроз Раҷабов (-82 килограмм,Суғд), Комроншоҳ Устопириён (-90 килограмм, Суғд), Мақсад Бердиев (-100 килограмм, ВМКБ) ва Хуршед Маҷидов (+100 килограмм, Душанбе – 2) унвони чемпиониро ба даст оварданд.

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 346
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед