logo

Хабарҳо

НАҚБИ «ИСТИҚЛОЛ». СИСТЕМАҲОИ ҲАВОТОЗАКУНӢ ВА РӮШНОӢ ВАСЛУ НАСБ МЕГАРДАНД

Бо мақсади анҷоми корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ дар нақби «Истиқлол» 11 миллион доллари ИМА бо ҳиссагузории баробар (50 дарсад саҳми ҷониби Эрон тариқи грант ва 50 дарсад саҳми ҷониби Тоҷикистон) ҷудо мегардад.
Ин матлабро Худоёрзода Худоёр, вазири нақлиёт, зимни баррасии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ дар Маҷлиси намояндагон ба вакилон ироа намуд.
Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 № 645 маъқул дониста шуд ва 2 январи соли 2020 ба имзо расид. Айни ҳол, корҳои лоиҳакашӣ тавассути ширкати «Фароб» - и Ҷумҳурии Исломии Эрон пурра таҳия шудааст ва барои гузарондани экспертизаи давлатӣ омода аст.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки барои сохтмони нақби «Истиқлол» бо дарозии 4996 метр нақби автомобилгард ва 4996 метр нақби ҳаводиҳанда, ғайр аз корҳои системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ, 61,4  миллион  доллари ИМА равона гардидааст. Нақби мазкур аз лиҳози сиёсӣ - иқтисодӣ ва молиявӣ, пеш аз ҳама, барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла, кам кардани фосилаи вақт ва ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар ҳама фасли сол аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Қобили зикр аст, ки воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат тавассути нақб зиёда аз 30 километр ва ду соат вақтеро, ки қаблан барои ҳаракат бо роҳи мавсимии ағбаи Анзоб бо назардошти мусоидии обу ҳаво харҷ менамуданд, сарфа менамоянд.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 332
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед