logo

Хабарҳо

ХАБАРҲО

Дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳамоиш дар мавзӯи «Омодасозии кадрҳо бо ҳадафи рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  доир гардид. Конфронс дар доираи лоиҳаи  «Рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон» баргузор шуда, дар он  намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи рушди сайёҳӣ  ва ҳайати устодони донишкада иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии соҳа ва  барномаҳои таълимӣ ба эҳтиёҷоти воқеии саноати сайёҳӣ мувофиқат намекунанд. Ин санадҳо бештар характери академӣ дошта, ба амалия ва воқеияти  фаъолияти сайёҳӣ равона карда нашудаанд. Аз ин лиҳоз, ҷалби кормандону коршиносони варзидаи соҳаи сайёҳии ватанию хориҷӣ дар омода намудани стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва дастуру нишондодҳои методӣ зарур аст.
Ҳамчунин, бояд шароити муосири истифодаи технологияҳои пешқадами педагогии марбут ба рушди бозори сайёҳӣ ва татбиқи ҳамаҷонибаи он дар раванди таҳсилоти тахассусӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа фароҳам оварда шавад.
Иштирокчиён ҳамзамон, роҷеъ ба  самтҳои муҳими мукаммалсозии низоми таҳсилоти тахассусии соҳаи сайёҳӣ,   тамоюл ва дурнамои рушди сайёҳии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, пешниҳодоти судманд манзур доштанд.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»


Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар вилояти Хатлон аз пешсафони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор меравад. Дар вилоят ягона  ноҳияе мебошад, ки заминҳои кишоварзии он ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд.

Тибқи маълумоти раёсати кишоварзии ноҳия, аз 12 ҳазору 900 гектари нақша то имрӯз 9 ҳазору 431 гектар заминҳои кишоварзӣ шудгор  шуда, дар онҳо зироатҳо кишт шуданд. Аз ҷумла, гандум 4 ҳазору 913 гектар, ҷав 200, ҷуворимакка 120, сабзавот 671 ва полизиҳо 430 гектар (350 гектари он зери плёнка) кишт шудааст, ки аз нақша зиёд мебошад. Рафти корҳои саҳроӣ, хусусан дар  ҷамоатҳои деҳоти Қаҳрамон, Панҷрӯд, Чубек, Турдиев, Панҷоб, Даштигулло ва Меҳнатобод вусъати тоза касб намудааст.
Имрӯзҳо деҳқонони ноҳия дар саҳро аз 450 техникаи гуногуни кишоварзӣ пурмаҳсул истифода бурда, корро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мемонанд ва ба замин сари вақт ғизо медиҳанд.
Маҳдӣ Орифзода, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, иброз дошт, ки кишоварзон тухмиҳои хушсифати навъи «Краснодар – 99», «Босейбой», «Жемчужина», «Сарвар» ва дигар намуди тухмии зироатҳои ғалладона ва полизиро, ки ба иқлими ноҳия мутобиқ буда, ба касалиҳо тобоваранд, кишт намуданд. Кишоварзони ноҳия мақсад доранд, ки имсол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии содиротиро бамаротиб афзун намоянд. Ба ин васила онҳо майдони кишти зироатҳои ғалладона ва полизиро зиёд намуда, талош доранд, ки дар таъмини бозорҳои истеъмолӣ ва амнияти озуқавории кишвар саҳмгузорӣ намоянд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ наздик ба 25 иншооти таъйиноташон гуногун дар семоҳаи аввали соли 2020 ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд. Иншооти мазкур ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш ва навсозии роҳҳову маҳаллаҳо марбут аст.
Маврид ба зикр аст, ки иншоот аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази ноҳия ва деҳаҳҳо сохта шудааст. Аз ҷумла, сехи оҳангарӣ, хати оби полизӣ дар деҳоти Зеробод, китобхона дар деҳаи Шаватки, бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти Вота, сехи дӯзандагӣ ва толори хурди варзиш дар шаҳраки Зарафшон мавриди истифода қарор гирифта, як қатор марказҳои хизматрасонӣ дар деҳот ва роҳҳои маркази ноҳияву байни деҳот, таъмиру навсозӣ шуда, беш аз 35 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП -1059 дар ноҳияи Айнӣ бунёду азнавсозии 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин вақт 280 - тои он мавриди истифода қарор гирифт.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 373
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед