logo

Хабарҳо

ЭЙФЕЛ ДАР ЛЕВАКАНТ

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корҳои ободонию созандагӣ ва барқарорсозӣ бомаром идома доранд. Дар шаҳри Левакант низ чандин иншооти хурду бузург қомат афрохта, ба симои шаҳр зинати дигар бахшидаанд. 
Бахшида ба ин ҷашни миллӣ корҳои ободонӣ, сабзкорӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо низ дар маркази таваҷҷуҳи масъулони шаҳр қарор доранд. Дар арафаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар даромадгоҳи шаҳр манораи Эйфел - нишона аз Парижи хурд будани шаҳр бо баландии 25 метр  қомат афрохт.
Манора иншооти ҷашнӣ буда, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, саҳми ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ дар муддати 6 моҳ сохта ба истифода дода шуд. Эйфел манораи таърихӣ буда, бо тарҳи хосса сохта шудааст, ки дар он харитаи Тоҷикистон ва яке аз муқаддасоти миллӣ - Парчами давлатӣ насб гардидааст.
Заррина Давлатзода, раиси шаҳри Левакант, ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои ободонию созандагӣ сохтмони як қатор иншооти фарҳангиву фароғатӣ ва саноатӣ бомаром ҷараён дорад.
- Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва мусоидат намудан ба вусъати корҳо дар ин самт супоришҳои зарурӣ дода шудаанд. Аз ин рӯ, дар шаҳр барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни таърихӣ ва анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ барои сокинон ва соҳибкорон тамоми шароит муҳайё аст. Дар ҳар як деҳаю маҳалла бунёди иншооти саноативу фарҳангӣ ба роҳ монда шуда, бо ин роҳ метавон боварии мардумро ба ояндаи боз ҳам дурахшони меҳан бештар гардонда, теъдоди муайяни сокинонро бо ҷойҳои кории доимиву муваққатӣ таъмин намуд. Ин тадбирҳо боис ба он мегарданд, ки сатҳи зиндагии мардум беҳтар аз дирӯзу имрӯз шавад, - гуфт З. Давлатзода.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 402
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед