logo

Хабарҳо

АБДУЛҲАМИД САМАД: «ЯРОҚИ ШУМО ЗАБОНИ ШУМОСТ»

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи пойтахт вохӯрии Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бо донишҷӯён баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Зулфия Аҳмадзода тазаккур дод, ки вохӯрии адибон бо донишҷӯён имкон фароҳам меорад, ки ҷаҳонбинии онҳо вусъат ёфта, бо иршоду раҳнамоиҳо меҳру муҳаббаташон ба китоб, бавижа ба адабиёт, афзояд.
Сипас, Шариф Шарифов, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории академияи идоракунӣ, ҷамъомадагонро бо ҳаёту фаъолияти ибратбахши адиб ошно карда, изҳор дошт, ки Абдулҳамид Самад бо осори пурмазмун, тарҷумаҳои хуб ва таҷрибаи роҳбарӣ дар раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои пешрафти фарҳангу адаб ва маънавияти мардуми тоҷик хидмат кардааст.
Абдулҳамид Самад бо донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ суҳбати шавқовару хотирмон ва саволу ҷавоб гузаронда, аз ҷумла гуфт: «Донишҷӯёни азиз, ин бинои наву муҷаҳҳаз, хобгоҳу китобхона ва ошхонаву толорҳои зебову хуштарҳ, дар маҷмӯъ, ин шаҳри зебову дилнишин, ки бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обод шудааст, намунаи олии сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат аст. Бесабаб, шаҳри Душанберо шаҳри ҷавонон ва ҷавонӣ намегӯянд. Ягона ҷавоби сазовори шумо ба ин ҳама ғамхорӣ пайваста хондан, аз таъриху тамаддуни хеш огоҳ будан ва донистани забонҳои хориҷист. Бештари шумо пас аз гирифтани таълиму тарбия аз мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оянда роҳбарон ва вазирону сафирони ин миллат хоҳед буд. Дар кори роҳбарӣ ягона яроқи шумо дар арсаи талош забони шумост. Аз ин хотир, баҳри такмили забон, хирад ва малакаи сарварӣ бояд ҳатман осори ниёгонатонро мутолиа кунед ва бубинед, ки дар «Шоҳнома»-ву «Сиёсатнома» чӣ раҳнамоиву иршодагиҳои қимат нуҳуфтаанд».
Адиб дар баробари суханронӣ шеъру ҳикояҳои тозаэҷоди навқаламони ин боргоҳи маърифатро шунида, маслиҳату машварат дод. Ҳамзамон, даъват ба амал овард, ки бо иштироки фаъоли худ дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо шеъру адаб бештар ошно шаванд ва аз осори нависандагони ҷаҳон бархӯрдор гарданд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 363
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед