logo

Хабарҳо

75 СОЛИ ҒАЛАБА. ИШТИРОКЧИЁНИ ТОҶИК БО МЕДАЛ САРФАРОЗ ШУДАНД

Дар арафаи таҷлили 75 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ панҷ иштирокчии ҶБВ аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд – Мирзоалӣ Иброҳимов ва Дастур Мансуров (ҳар ду 99-сола), Раҳимбой Раҳматов (97-сола), Қамбар Ҳайдаров (96-сола) ва Маъмур Аҳмадов (95-сола) бо медалҳои «75-солагии Ғалаба» қадрдонӣ шуданд. Дар ин бора Абдуҳаким Абдусаминов, раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи Абдуҳаким Абдусаминов, медалҳои ҷашниро ба собиқадорон консули генералии Россия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов ва роҳбари Маркази илму фарҳанги ин кишвар дар шаҳри Хуҷанд Иван Иванов супурданд. Зимни табрикот Андрей Варламов зикр кард: «Бо баҳои талафоти зиёд ва ҷасорату қаҳрамонии бемисли мардуми шӯравӣ фашизм мағлуб карда шуд. Бобою бобокалонҳои мо барои ғалаба мубориза бурданд, то ки имрӯз мо осуда зиндагӣ кунем. Сари таъзим наздатон фуруд меорем, собиқадорони азиз! Иди Ғалаба муборак!, - гуфт ӯ.
Инчунин, ба собиқадорон туҳфаҳои раиси ноҳия Тоҳир Қудратзод ва бонки «Имон интернешнл» тақдим гардид.
Сипас, барои собиқадорон, ки ба ин муносибат гирди ҳам омада буданд, барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд. Аз ҷумла, тарбиятгирандагони кӯдакистони «Гулшан» таронаи машҳури замони ҷанг «Смуглянка»-ро сароиданд.
Тибқи маълумоти шӯрои собиқадорони ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ин ноҳия 2382 нафар ба ҷанг даъват шуда, 806 нафар ҷанговарон ба хонаҳояшон баргаштанд ва 1576 нафар ҳалок ё бе ному нишон шуданд. Ҳоло дар ноҳия танҳо 5 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.

Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 340
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед