logo

Хабарҳо

ТРАМП: «РӮЗҲОИ НАЗДИК АЗ БАЪЗЕ ИЁЛОТ КАРАНТИН БАРДОШТА МЕШАВАД»

Reuters. Президенти ИМА Доналд Трамп масъалаи қатъи мустақилонаи маҳдудияти карантиниро, ки бинобар пандемия роҳандозӣ шуда буд, ба ихтиёри иёлатҳо вогузошт. 
Ба ақидаи Президент, рӯзҳои наздик маҳдудиятро метавонанд дар иёлоти Техас, Вермонт ва Монтана коҳиш диҳанд. Лағви карантин дар се марҳила сурат мегирад, ки ҳар кадом 14 рӯз идома меёбад. Трамп тадриҷан кушодани корхонаҳо ва муассисаҳои иҷтимоиро пешниҳод дорад.
Ӯ, ҳамчунин, таъкид дошт, ки чунин тадбирҳо танҳо дар он иёлат имконпазир мешавад, ки шаҳрвандонро фаъолона аз тест мегузаронанду шумораи сироятёбӣ рӯ ба коҳиш аст.


ҲУКУМАТДОРОНИ ЭРОН 20 АПРЕЛ ЯК ҚАТОР МАҲДУДИЯТРО АЗ БАЙН МЕБАРАНД
IRINN.  Президенти кишвар Ҳасан Рӯҳонӣ иттилоъ дод, ки аз 20 апрел фаъолияти он намудҳои соҳибкорӣ барқарор мешавад, ки ба гурӯҳи хатари паҳншавии вирус кам шомиланд.
Ба гуфтаи ӯ, «теъдоди беморон ва фавт дар мамлакат коҳиш меёбад», бо вуҷуди ин, муассисаҳое, ки ба гурӯҳи хавфаш калон ворид мешаванд, то минбаъда беҳшавии вазъият мавқуф мемонанд.
Аз 11 апрел дар ҳама музофот, ба истиснои Теҳрон, мағозаҳо кушода шуданд, алоқаи нақлиётии байни шаҳрҳо барқарор гашт. Аммо аз одамон ҳамоно риояи фосила талаб карда мешавад, тарабхонаю театр ва ҳавзҳои шиноварӣ бастаанд.


ПУТИН: «ВАЗЪИЯТИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ПУРРА ТАҲТИ
НАЗОРАТ АСТ»
Cazeta.ru. Ин нуктаро Президенти кишвар Владимир Путин аснои табрики шаҳрвандон, бо иди Пасха таъкид дошт.
«Айни замон, тамоми сатҳҳои Ҳуку-мат дар кишвар «муттасил, муташаккил ва бо камоли масъулият» амал мекунанд, ҷомеа бошад, дар пешорӯи хатари умумӣ муттаҳид мегардад», - зикр намуд Сарвари давлат.
Тибқи маълумоти охирин, дар Россия расман 36 793 ҳодисаи сироят ба коронавирус тасдиқ шуда, 341 нафар фавтидааст.


ПРЕЗИДЕНТИ ИМА МУТМАИН АСТ, КИ МУНОСИБАТИ ХУБ
БО РОССИЯРО НИГОҲ ДОШТА ТАВОНИСТ
АИР Новости. Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки сарфи назар аз таҳримот ба сиёсати Департаменти давлатӣ, ӯ тавонист муносибати хуб бо Федератсияи Россияро нигоҳ дорад.
«Ҳеҷ касе чун ман бо Путин сахтгир набуд. Инро вай аз ҳама беҳтар медонад. Дар баробари ин, ман бо Путин робитаи басо хуб дорам, ба ман бастани созишнома бо Россия, Арабистони Саудӣ, ОПЕК+ даст дод», - иброз дошт Трамп. Ба гуфтааш, созишнома дар доираи ОПЕК+ ба ИМА ёрӣ расонд, ки иқтисодиёти Техас, Оклахома, Дакотаи Шимолиро наҷот диҳад.


ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС БА КОҲИШИ МАҲДУДИЯТ ШУРӮЪ НАМУД
INTERFAX.RU. «Кишвар як қатор чораҳои фосиланигоҳдориро 16 рӯз тамдид намуд, лекин иддаи маҳдудиятро, ки дар давраи авҷи паҳншавии коронавирус рӯи кор оварда буд, лағв намуд», - гуфт дирӯз Сарвазир Чон Се Гюн.
Тасмими сабуксозии маҳдудият баъди он гирифта шуд, ки рӯзи якшанбе масъулони тиббӣ аз ҳашт нафар дар як рӯз афзудани шумораи сироятёфтаҳо дар мамлакат хабар доданд. Дар ду моҳ бори аввал аст, ки шумораи гирифторони коронавирус бо шумораи якрақама маҳдуд шуд.
Мувофиқи маълумоти донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, дар Ҷумҳурии Корея  10 661 нафар сироят шудааст, риштаи умри 234 нафарро вируси нав гусаст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 235
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед