logo

Хабарҳо

НУРОБОД. БУНЁДИ 248 ИНШООТИ ҶАШНӢ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти таъйиноти гуногун иқдоми шоистаеро рӯи даст гирифтаанд. Айни ҳол дар ноҳия сохтмони 248 иншоот бо вусъат идома дошта, аз ин 159 адад мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 37 адад аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва боқимонда 211 иншоот аз ҳисоби соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ бунёд шуда истодааст, – гуфт сармеъмори ноҳия Сайхуҷа Таибов.
Аз ҷумла, сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Сари Закоби деҳоти Ҳакимӣ, синфхонаҳои иловагӣ барои зиёда аз 50 хонанда дар деҳаи Сари Қоши деҳоти Хумдон, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Изатулло Ҳакимов, Хумдон ва Сафедчашма. Аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ Абдуҳамид Маҷидов бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ иборат аз 8 синфхона барои 120 хонанда, дар як баст дар деҳаи Даҳгиёни деҳоти Муҷихарф сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, сохтмони толори варзиш ҷавобгӯ ба талаботи замон дар деҳаи Тегирмии деҳоти Комсомолобод ва майдончаи варзиш дар деҳаи Кабутиёни деҳоти Сафедчашма аз ҳисоби аҳолӣ бунёд карда шуд. Дар сохтмони пули мошингузар дар деҳаи Тегирмии деҳоти Комсомолобод, бунгоҳи тиббӣ ва бо оби нӯшокӣ таъмин намудани  аҳолии деҳаи Холибеки деҳоти Хумдон саҳми соҳибкорон Насриддин Ҳамидов, Анваршо Шарифов, Ғиёсиддин Маҳмудов ва Эмом Шеров назаррас мебошад.
Илова бар ин, ба гуфтаи  Сайхуҷа Таибов бахшида ба Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 -2021 сокинони ноҳияи Нуробод сохтмони иншооти зиёдеро роҳандозӣ намуда, саҳми арзандаи хешро дар ин самт мегузоранд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 251
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед