logo

Хабарҳо

ИА. МАБЛАҒҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати дастгирии нақшаҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус (COVID – 19) ба маблағи 49 миллион евро грант ва тавассути Бонки сармоягузории Аврупо 30 миллион евро қарз ҷудо мекунад.

Ин матлаб зимни вохӯрии вазири рушди иқтисоду савдо, ҳамраиси Кумитаи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо Завқӣ Завқизода ва муовини вазири молияи кишвар Юсуф Маҷидӣ бо роҳбари намояндагии (сафири) Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон баён гардид. Мерилин Йосефсон иттилоъ дод, ки маблағҳо барои дастгирии соҳаҳои тандурустию маориф, муассисаҳои тиббию таълимӣ, санитарӣ, обёрӣ, нигоҳдории сарҳад, ҳамчунин, таъмини мутахассисони соҳаи тиб бо либосҳои ҳимоявӣ дар 25 беморхона (ба маблағи 1,3 миллион евро) ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти санитарӣ (ба маблағи 780 ҳазор евро) равона мегарданд.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисоду савдо иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ зикр шуд, ки дар доираи ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ аз Иттиҳоди Аврупо барои рушду тақвияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика, 631 миллион евро ҷалб гардида, инчунин, дар доираи татбиқи барномаи нави индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 ҷалби маблағ дар ҳаҷми тақрибан 360 миллион евро пешбинӣ шудааст.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои дигари рушди ҳамкориҳои дуҷониба низ баррасӣ шуданд. Завқӣ Завқизода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати ёрии молиявӣ миннатдорӣ намуда, омодагии Тоҷикистонро барои рушди ҳамкориҳо баён дошт.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 242
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед