logo

Хабарҳо

ИММУНИЗАТСИЯ ОРГАНИЗМРО БА БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ТОБОВАР МЕГАРДОНАД

Пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо сатҳи сироятёбиро паст ва баъзе бемориҳоро аз байн мебарад. Вале ҷойи таассуф аст, ки то ҳол аксари кӯдакон аз ваксинаҳо пурра баҳра намебардоранд. Аз ин рӯ, бояд ҳарчи зудтар ин холигоҳ пур карда шавад, зеро он сарчашмаи паҳншавии бемориҳои сироятист.

Ин нуктаро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Умарзода Саида Ғайрат зимни нишасти матбуотӣ оид ба пешгирӣ ва муҳофизати кӯдакон аз бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла сил, гулӯзиндонак, сурхча, гулафшон, кузоз, фалаҷ, гепатити B, сирояти ротавирусӣ, кабудсулфа ва сирояти гемофилии шакли b иброз дошта, илова кард:
- Ҳукумати мамлакат ба ин самти афзалиятноки соҳа таваҷҷуҳи махсус дода, сол ба сол маблағгузориро афзун менамояд. Агар соли 2018 барои эмкунии кӯдакон 11 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, соли 2020 он ба 17 миллион сомонӣ расид. Зеро қатъи назар аз он ки илми муосир дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гашт, хатари хуруҷи онҳо пурра аз байн нарафтааст. Аз ин лиҳоз, ташкил ва гузарондани чорабиниҳои профилактикӣ бояд мунтазам ва сифатнок бошанд.
Зикр шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои омода намудани ваксинаторон дар тамоми муассисаҳои тиббӣ, сар карда аз марказҳои саломатии шаҳрӣ то бунгоҳҳои навбунёди деҳот тадбирҳои зарурӣ меандешад. Муассисаҳои тиббӣ дар доираи Лоиҳаи мустаҳкамкунии системаи иммунизатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо занҷираи хунуккунанда таъмин шуда истодаанд. Яъне, ваксинаҳо дар ҳарорати муайян нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар ҷамъбаст Саида Ғайрат ба масъулони соҳа супориш дод, ки ҷиҳати ба иммунизатсия фаро гирифтани кӯдакони таҳти карантин қарордошта чораҳои мушаххас ва қатъӣ андешанд.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 251
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед