logo

иқтисод

ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат - муҳимтарин падидаи оғози соли тақвимӣ, раҳнамои ҳаёти давлату ҷомеа дар марҳилаи оянда мебошад. Паёми Сарвари давлат дар муайян намудани паҳлуҳои гуногуни сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши дастовардҳои сиёсӣ, инкишоф ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, таъмин ва таҳкими амнияти иқтисодии миллӣ нақши калидиро мебозад.
Маҳз ба туфайли сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми тоҷик ба марҳилаи рушду нумӯи устувор дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат шарафёб гардида истодааст. Аз ин рӯ, Паёми Президенти кишвар қадаме ба самти пешравӣ ва гул - гулшукуфии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки такмили сатҳи зиндагии мардум, таъмини ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва баланд бардоштани неруи инсонӣ яке аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодии давлат аз оғози даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад.
Дар ин радиф Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати некуаҳволии аҳолиро таъкид дошта, баён намуданд: “Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад. Мақомоти давлатӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва рақамигардонии фаъолияти идоракуниву истеҳсолот бояд сиёсати ягонаи иқтисодиро танҳо бо истифодаи механизм ва шаклу усулҳои муосир ба танзим дароранд”.
Дар ҳақиқат марҳилаи кунунии рушди тамаддуни башарӣ, иқтисодиёти Тоҷикистонро низ ба маҷрои равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки шароити гузариш ба модели нави рушди иқтисодиро дар асоси истифодаи пурраи технологияҳои рақамӣ фароҳам меорад, мекашад. Дар навбати худ, ба иқтидори зеҳнии захираҳои меҳнатӣ ва тавсеаи неруи эҷодии онҳо дар фаъолияти иқтисодӣ диққати бештар дода шудааст. Аз ин рӯ, ҳамаи ин аҳамияти рушди технологияҳои рақамиро асоснок менамояд.
Имрӯз иттилоотонии ҷомеа гузариши аксари кишварҳои ҷаҳонро аз иқтисодиёти индустриалӣ ё постиндустриалӣ ба иқтисоди рақамӣ ногузир сохтааст. Сабабҳои умда ва бунёдии ногузирии гузариш ба иқтисодиёти рақамиро номбар мекунем:
• пешрафти илму техника дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ;
• паҳншавии васеи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
• оммавӣ гардидани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар кулли самтҳои ҳаёти иқтисодӣ - иҷтимоии ҷомеа;
• имкониятҳои нав дар ташаккули фазои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои тамоми табақаҳои аҳолӣ;
• табдил додани технологияҳои рақамӣ ба омили баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва рушди сохторҳои соҳибкорӣ.
Ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ дар кишварҳои ҷаҳон хусусиятҳои вижа дорад. Дар иқтисодиёти кишварҳои пешрафта заминаҳои гузариш ба иқтисоди рақамӣ хеле баланд аст. Дар аксари мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба онҳо сатҳи ғайрикофии рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ хос мебошад, ҷорӣ кардани иқтисодиёти рақамӣ амри муҳол аст. Лозим ба зикр аст, ки ривоҷу равнақи иқтисодиёти рақамӣ аз сатҳи рушди иқтисодии кишварҳои ҷаҳон вобастагӣ дорад.
Рушди иқтисоди рақамӣ дар кишварҳои ҷаҳон дар асоси нишондиҳандаҳои мухталиф, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳо ё пажӯҳишгоҳҳои махсуси илмӣ ҳисоб карда шудаанд, арзёбӣ мегардад.
Аз 9 номгӯи сатҳи рушди иқтисодии рақамӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, алҳол Тоҷикистонро ҳамагӣ аз рӯи чаҳор нишондиҳанда арзёбӣ мекунанд. Масалан, аз рӯи индекси рушди ҳукумати электронӣ (ӮGDI) Тоҷикистон дар байни 185 давлати дунё ҷойи 131-умро ишғол менамояд. Тибқи индекси омодакунии шабакавӣ (NҚI) бошад, мамлакати мо дар ҷойи 114 ва  дар индекси глобалии инноватсионӣ (GII) ҷойи 101-ро ишғол мекунад. Аз нуқтаи назари рушди технологӣ ва мавҷудияти муҳити дастгирӣ Тоҷикистон дар давраи аввали гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ қарор дорад.
Дар иқтисодиёти рақамӣ бартарияти принсипи "зиндагӣ ва таҳсил", бо ибораи дигар "таълим дар тамоми ҳаёт" зоҳир мегардад. Иқтисоди рақамӣ зарурати такмили доимии малакаҳои касбии мутахассисонро тақозо мекунад, зеро ҷойҳои корӣ дар асоси технологияи нав босуръат пеш мераванд. Зеро дар шароити автоматикунонӣ, паҳншавии робототехника ва рушди технологияҳои рақамӣ, чизи асосӣ на дипломҳои донишгоҳҳои бонуфуз, балки маҳорату касбияти кормандон ва тавоноии онҳо дар самти коркард ё ин ки истифодаи технологияи рақамӣ ба шумор меравад.
Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”. Ҳамчунин, Сарвари кишварамон пешниҳод намуданд: “Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад”. Ба андешаи мо, дар ҳамаи донишгоҳҳо ва донишкадаҳои такмили ихтисоси кадрҳо бояд барномаҳои махсуси омӯзиши фанҳои дақиқ фаъолона ба ҷараёни таълим дохил карда шаванд.
Дар асри ХХ илм ва техника мунтазам, босуръат ва хеле самарабахш рушд кард ва месазад, ки садаи гузаштаро асри “инқилоби илмӣ” номем. Хусусан, дар мамлакатҳои тараққикарда илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, автоматикунонии ҷойи корӣ, ихтирооти техника, технология, усулҳои нави ташкил ва идоракунии кор, рушди технологияҳои иттилоотӣ, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ авҷ гирифт.
Беш аз пеш маълум шуда истодааст, ки ноил гардидан ба пешравӣ дар ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза танҳо тавассути омӯзиш ва рушди ҳаматарафаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ имконпазир аст. Мусаллам аст, ки бисёр муаммоҳои инсоният, аз ҷумла рафъи гуруснагӣ ва касалиҳои гуногун, аз худ кардани кайҳон, истифодаи энергетикаи атомӣ, интеллекти сунъӣ ва ғайраро танҳо илм ҳаллу фасл карда метавонад. Илова бар ин, гуфтан лозим аст, ки на танҳо навовариҳои бузург, ҳатто истеҳсоли чизҳои одӣ, аз қабили коғаз, қалам, гӯгирд низ дониши амиқи фанҳои дақиқро талаб мекунад.
Чи тавре ки таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, рушди илму маориф сарчашмаи пешравии иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Боиси тазаккур аст, вақте ки дар мамлакатҳои мутараққӣ сухан оид ба рушди илм меравад, пешрафти илмҳои физика, химия, математика, барномасозӣ, технологияи компютерӣ, астрономия дар назар дошта мешавад.
 Гузашта аз ин, ҳатто рушди илми иқтисодӣ низ бо дараҷаи истифодаи усулҳои математикӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ арзёбӣ мегардад. Яке аз сабабҳои аз ҷониби олимони давлатҳои Ғарб эътироф нагардидани корҳои илмӣ - тадқиқотии олимони иқтисоддони шӯравӣ дар он буд, ки бештари корҳои илмӣ - иқтисодии давраи шӯравӣ характери тавсифӣ дошта, истифодаи усулҳои математикӣ хеле кам ба чашм мерасид. Дар иртибот бо гуфтаҳо лозим ба зикр аст, ки маълумоти пойгоҳии қисми зиёди лауреатҳои мукофоти Нобел дар соҳаи иқтисодиёт риёзиёт аст. Ба ақидаи мо, соҳиб шудан ба донишҳои зарурии табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳоло чун кафили ноил гаштан ба муваффақиятҳои назаррас эътироф гардидааст.
Хуллас, имрӯз раванди таълим бояд бо назардошти талаботи иқтисоди рақамӣ ташкил карда шавад, зеро танҳо чунин равиш метавонад иштиғоли устувори бозори меҳнатро таъмин намояд. Муҳимтар аз ҳама мусоидат ба рушди неруи зеҳнии инсон қувваи кориро ба сармояи асосии истеҳсолот табдил менамояд. Дар бозори меҳнати иқтисодиёти рақамӣ касбҳои зерин “бозоргир” мебошанд: меъмори шабакаи иттилоотӣ, ороишгари интерфейс, таҳиягари модели калон (мутахассисе, ки системаҳои ҷамъоварӣ ва коркарди миқдори зиёди маълумотро тарроҳӣ мекунад), аудитор оид ба технологияи иттилоотӣ, муфаттиш кибер (коршиноси таҳқиқи киберҷиноятҳо), мушовир оид ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, мутахассис оид ба технологияи амнияти иттилоотӣ, кор бо равандҳои истеҳсолоти автоматӣ, кибертехнологияи муҳити зист, дизайнери интерфейсҳои зеҳнӣ ва ғайра, ки кулли онҳо дониши мукаммали фанҳои дақиқро талаб менамоянд. Дар давоми даҳсолаҳо дар донишгоҳҳои Ғарб барномаҳои таълимӣ оид ба илми иттилоот, тиҷорати электронӣ, зеҳни сунъӣ, технологияи маърифатӣ татбиқ шудаанд.
Омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, бешубҳа, ба пешравии иқтисодӣ - иҷтимоии Тоҷикистон такон мебахшад. Ҳамасола дар паёмҳо, вохӯрӣ бо зиёиён, суханрониҳо бахшида ба Рӯзи дониш ва ғайра Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фанҳои дақиқ аҳамияти хосса зоҳир менамоянд. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон Ҳукумати мамлакат барномаҳои махсуси давлатиро тарҳрезӣ карда, дар амал ҷорӣ менамояд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2010, № 101  “Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ барои солҳои 2010 - 2020” тасдиқ ва дар амал татбиқ шуда истодааст.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мутахассисони соҳаи дақиқ, аз ҷумла муҳандисони соҳавӣ, яъне саноат, радиоэлектроника, электротехника, астрофизика, барномарезӣ, муҳандисони амнияти иттилоотӣ, дорусозон, роҳсозон, меъморон ниёз дорад. Махсусан, зарурати гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ моро водор месозад, ки ба масъалаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Дар ин росто, масъалагузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ хеле бамаврид аст: “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.

М. ШАРИФЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Т. РИЗОҚУЛОВ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2020    №: 79    Мутолиа карданд: 267
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед