logo

Хабарҳо

ТАДБИРЕ САРШОРИ ХИРАД

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ тамоми мардуми кишварро ба китобхонӣ даъват карда, таъкид доштанд: “Хондани китоб қобилияти сухандониву суханрониро сайқал дода, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад”.
Ҷиҳати иҷрои ин мақсади хирадмандона дар баробари дигар идораву муассисаҳо Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик низ китобхона таъсис дод, ки фонди онро аз ҳисоби китобҳои илмию оммавии худи муассиса ва китобҳои нодири олам ғанӣ мегардонанд.
Сармуҳаррири муассиса Нур-муҳаммад Амиршоев оид ба вазъи феълии китобхонаҳо, чунин ибрози назар намуд:
- Оташи ҷанги солҳои шаҳрвандӣ дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба соҳаи фарҳанг низ латма зад. Мутаассифона, бар асари ин ҷанг аз китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ сар карда то маҳаллӣ фаъолияти хешро қатъ карданд. Асарҳои бузурги нависандагони дохиливу хориҷӣ нобуд гаштанд. Китобхонаи дохилии Энсиклопедияи тоҷик ҳам ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Соли 2008 бо заҳмати роҳбарияти идора китобҳои ангуштшумори фарсудаву гумшуда дар як ҳуҷраи хурд ҷамъоварӣ шуданд, ки ин албатта, барои мо – кормандон хурсандибахш буд. Чун барои суроғи адабиёти лозима ба ин сӯву он сӯ рафтанамон камтар шуд. Боиси фараҳмандист, ки имрӯз он ҳуҷраро ду толори барҳаво такмил намуданд, албатта бо шумораи зиёди адабиёти илмиву оммавӣ. Вале, ҳанӯз ҳам ҳастанд китобҳое, ки дар ёфтанашон душворӣ мекашем. Муассиса мекӯшад, ки бо ҳама олимону адибони маъруфи кишвар ва берун аз он ҳамкорӣ намуда, асарҳои онҳоро дастраси ҳаводорони олами китоб гардонад. Яъне, ин ҳам ба шарофати ибтикори Роҳбари хирадсолори кишвар сурат гирифт.
Ҳоло китобхона дар се бахш: тоҷикӣ, русӣ ва форсӣ фаъолият дошта, зиёда аз 5700 нусхаи адабиёт, 115 номгӯи рӯзнома ва 109 номгӯи маҷалларо маҳфуз медорад, ки кори илмии кормандонро бамаротиб осон гардондааст. “Ба ин васила, на танҳо мо – кормандони илмӣ, балки аҳли ҷомеа ба китоб рӯ меораду хоҳад овард”, - мегӯяд Н. Амиршоев.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 249
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед