logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН КИШВАРЕ, КИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОНГИР ДОРАД

Тоҷикистон!
Кишваре, ки Сарвари муаззамаш ифодагари бузурги хештаншиносии миллист. Ҳар ифтихоре, ки тоҷикон доранд, дар сиришт, гуфтор, рафтор ва пиндори  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷилва омадааст. Роҳбари хирадманди мо пайваста таъкид менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як давлат пос доштани асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои таърихӣ мебошад. Ҳар як сухан, ҳар як навишта, ҳар як китоби Президенти дурандешу номвари кишвар ангезаи ифтихори миллии тоҷикон ва тоҷикистониён аст. Тоҷикистон!
Ватане, ки бо меҳру муҳаббат, вафодорию садоқат, дӯстдориву самимияти фарзандонаш пеши оламиён машҳур гардидааст. Марзу буми ин Ватан тӯлонӣ нест, аммо дар назари фарзандонаш бузург аст.
Ватанро хурд намешуморанд. Ватан аз торҳои меҳр, аз хишти муҳаббат, аз неруи бузурги матонату садоқати шаҳрвандонаш сохта мешавад. Ватанро эҳсоси худшиносӣ, пос доштани забон, таърих ва анъанаҳо, ҷасорату фидокории фарзандонаш ба оламу одам ошно мегардонанд. Дар Ватан будан, бо ёди Ватан зистан, бо ҳамватан ҳамдилу якҷон будан нишонаҳои хушбахтии инсонанд.
Точикистон!
Кишваре, ки нурҳои хуршеди истиқлолаш шоҳроҳи имрӯзу фардои зодагонашро равшан мекунад. Ҳеҷ неъмат беҳтар аз истиқлол нест. Истиқлоле, ки арзандаи шукргузорию ифтихор аст. Давлати соҳибистиқлол доштан ормони волои ҳар қавму миллат аст. Имрӯз дар ҷаҳон кам нестанд қавмҳое, ки давлати миллӣ надоранд ё тамоми умр барои истиқлолияти хеш мубориза мебаранд. Тоҷикони фархундафол 9 сентябри соли 1991 дубора тоҷи давлатдории хешро ба даст оварданд ва онро монанди гавҳари чашм, нури дидагонашон, чун дуои модар ва панди падар азизу гиромӣ медоранд.
Тоҷикистон!
Хонаи меҳр, даргоҳи нуру офтоб, хитаи файз ва гулбоғи накуиҳост. Ҳар субҳи нав шаршараи нур ба дарёҳо меомезад, балки офтоб бо обҳои рӯдборони Тоҷикистон чеҳра мешӯяд, сипас ба одаму олам салом мегӯяд. Ин ҷо дарёҳо офтоб меофаринанд, офтоби Норак, офтоби Роғун, офтоби Сангтӯда, офтоби Бойғозӣ. Ин ҷо дарёҳо шабҳоро монанди рӯз нуронӣ мекунанд. Ин ҷо рӯдҳо дар  заминҳои зархези водиҳо, ёлаю кӯҳҳо ризқу рӯзии фаровон ва бахту иқболи сафед меофаранд.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки саросар баҳористону гулистон, файзбахшу фараҳбахш  аст, меваҳои шаҳдбораш лаззати нотакрор доранд, водиҳои сарсабзу кӯҳҳои сарбаландаш ба дилҳо завқу сурур, шодию ҳаловат эҳдо мекунанд.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки фарзандони фарзонааш бо ақлу завқу қадаму қалами худ хонаҳо ва роҳи дилҳоро наздиктар кардаанд ва дар ҳар кишваре порае аз Тоҷикистон сохтаанд.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки шаҳрванди он будан бахту иқболи баланд ва ҳадяи беназири тақдир аст. Вақте ба ҷаҳон омадем, моро ин Модар ва ин Ватан ба оғӯши гарму нарми худ гирифт.  Шиносномае, ки Тоҷикистон ба мо додааст, ҳуҷҷати хушбахтист. Тирамоҳи соли 2019 зодаи Тоҷикистон, овозхони номвар Олег Фезов, ки зиёда аз бист сол аст, дар кишвари Олмон зиндагӣ дорад, ба Душанбе омад ва шиносномаи нав гирифт. Мақомдорони Олмон борҳо ӯро огоҳ кардаанд, ки шаҳрванди он давлат шавад, аммо Олег Фезов напазируфтааст. Ӯ гуфтааст, ки Ватани ман Тоҷикистон аст ва шаҳрванди ҳеҷ кишвари дигаре нахоҳам шуд, забони давлати ман тоҷикист ва онро бо ҳеҷ забони дигари олам иваз нахоҳам кард.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки номи шаҳру рустоҳояш паёми ободист. Дар ҳар гӯшаву канор деҳаҳое бо номҳои Навобод, Гулобод, Меҳробод, Хуррамобод, Раҳмонобод, Гулистон, Баҳористон ҳастанд ва ин ободиҳо гувоҳи шукӯҳу фараҳу ҳашамати тоҷиконаанд, яъне тоҷикон ҳамеша дар андешаи сохтанҳо, обод карданҳо буданду ҳастанд. Тоҷикон бунёдгузорони куҳантарин шаҳрҳои ҷаҳонанд, тоҷикон аз нахустин қавмҳои шаҳрнишин будаанд, тоҷикон фарҳанги шаҳрнишиниро ба дигар қавмҳои олам омӯхтаанд. Аз саҳифаҳои шаҳри Саразми бостонӣ, аз саҳифаҳои нахустини таърихи тоҷикон бармеояд, ки фарҳанги кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ дар сарзамини мо ташаккул ёфтааст.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки асрҳои аср аҷнабиён, қавмҳои кӯчӣ ва саҳронишин сӯяш бо ҳирсу ҳасаду ҳавас чашм дӯхтаанд. Ва гоҳе аз берунҳо лашкарҳое бо нияти ғоратгарӣ, тасарруф ва ғасби молу дороӣ қадами номуборак ба шаҳрҳову деҳаҳои тоҷикон ниҳодаанд, китоби сарнавишти чандин наслҳоро оташ задаанд, ба рӯи нигораҳои нодир хат кашиданд, пайкараҳои беназирро бераҳмона шикастанд, аммо нафаҳмиданд, ки бузургтарин ҳувияти тоҷикон фарҳангофаринист, ки онро ба тороҷ бурда намешавад. Ва дар миёни ин ҳама лашкаркашиҳо, набардҳо, тохтутозҳо, тороҷгариҳо ва харобкориҳо  тоҷикон беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастии худ - забони тоҷикиро ҳифз карданду гиромӣ доштанд. Барои исботи даъво аз саёҳатномаи кишваркушои асри ҳаждаҳи рус А. Миддендорф иқтибос меорам: «Тоҷикон, то он ҷое ба ман равшан аст, дар сайёраи мо тимсоли ягонаи муборизаи сангин барои ҳаёт мебошанд, ки бо вуҷуди муқобилияти  алайҳашон давоми садсолаҳо идомаёфта, барои худ роҳ кушода тавонистанд. Аз рӯи бунёд сохти сари тоҷик баёнгари олитаборӣ ва хиради ӯст: дар бораи истеъдоди модарзодии рӯҳонии ӯ низ ҳаминро гуфтан лозим аст».
Тоҷикистон!
Кишваре, ки парвардагонаш қаҳрамонона зистаанд. Вақте ки дар бораи мафҳуми қаҳрамонӣ андеша мекунем, беихтиёр номи Шерак, Спитамен, Деваштич, Сумбоди Муғ, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигар фарзандони диловари халқи тоҷик ба хотир мерасад. Корномаҳои ин шахсон барои мо оинаи ибрат ва шоистаи пайравианд. Дар давраҳои вазнини таърих, дар майдони ҷангу ҷидолҳо, мубориза барои озодӣ онҳо ҷони худро сипар карданд, бар зидди аҷнабиён мардонавор ҷангиданд, лашкари душманро шикаст доданд, барои манфиатҳои олии давлату миллат ҷонбозиҳо карданд.
Зиндагиномаи қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Шириншоҳи Шоҳтемур, Нусратулло Махсум барои имрӯзиён ва фардоиён дабистони бузургест, ки наслҳо аз он сабақи ватандӯстӣ меомӯзанд.
Бобоёну падарони мо дар ҳар асру замоне ҳамчун фарзандони вафодори Модару Ватан кору зиндагӣ кардаанд.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки мардумаш монанди кӯҳҳояш сахтҷонанд, устуворанд, сарбаланданд.
Мо қавми ҷаҳонсозем, даст ба дасти ҳам медиҳем, қадамҳои устувор ба шоҳроҳи оянда мегузорем, намехоҳем, ки як хишт ҳам аз кохи орзуву ормони миллии мо беҷо шавад.
Мо аз табори озодагон ва мардуми озода ҳастем.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки ба бовари ман, бузургтар аз ҳама кишварҳои дунёст. Зеро фарҳанг, маънавиёт, таърихи ҷаҳонгир дорад. Зеро фарзандонаш ба ҳар куҷое, ки рафтанд, ҳамроҳи худ сарводаю сухан, фарҳангу адаб, китобу хомаву дафтар бурданд. Дар тамоми давраҳои таърих боре ҳам нашуда, ки тоҷикон ба хоки дигарон бо тиру камон, теғу шамшер қадам ниҳода бошанд. Дастовези тоҷикон меҳр асту муҳаббат, нур асту гармӣ, нон асту намак.
Дар ҳар гӯшаи олам забони тоҷикӣ садо медиҳад, дар ҳар куҷо номи Рӯдакии тоҷикнажод шунида мешавад, дар ҳар мулке тоҷикистонӣ ишқи Суғду Зарафшону Хатлону Бадахшон мепарварад, он ҷо як гӯшаи Тоҷикистон аст.

Зайнура АЗИМӢ, муовини раиси вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2020    №: 87    Мутолиа карданд: 493
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед