logo

иҷтимоиёт

5 СОЛ ДАР ҶАНГ. БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ МУҲАММАДҶОН НИДОЕВ

Албатта, ҷойи таассуф аст, ки имрӯзҳо аксарияти қаҳрамонони майдони набард дар қайди ҳаёт нестанд. Аммо насли имрӯза бояд бидонад, ки падарону бобоҳои мо дар ин Ғалабаи Бузург чӣ нақше гузоштаанд?
Муҳаммадҷон Нидоев соли 1921 дар деҳаи Нушори Болои ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Дар 20 - солагиаш аз деҳаи Шавриқиён, ноябри соли 1941 ихтиёрӣ ба фронт меравад.
Муҳаммадҷон Нидоев дар муҳорибаи Сталинград ҷангидааст. Дар бойгонии Муҳаммадҷон Нидоев Фармони махсуси Сарфармондеҳи Олӣ, Маршали Иттифоқи Шӯравӣ И. В. Сталин то кунун ҳифз мешавад. Ин фармон дар ҳаҷми 6 саҳифа мисли асноди аскарӣ таҳия шуда, ба ҳар ҷанговаре, ки дар муҳорибаи Белград қаҳрамонона ҷангидааст, ҳамроҳ бо медали “Барои шуҷоат” бо муҳр ва имзои командири қисми ҳарбӣ тақдим шудааст. Дар он чунин навишта ҷой дорад: «Участнику боев за Белград старшему сержанту Нидоеву Махмет Зигоевичу».
Дар ёддоштҳояш Муҳаммадҷон Нидоев навиштааст, ки 20 августи соли 1944, соати 6 омодагии артиллерӣ дар наздикии Кишинёв сар шуд. Тӯпандозҳои мо аз тӯпҳои дурзан ва катюша истифода бурда, тамоми рӯз мавқеи душманро ҳадафи худ қарор доданд. Ҳама ҷо месӯхт. Мо тавассути чӯбҳо амуд сохта, дарёро убур кардем. Задухӯрди вазнине сурат гирифт. Дар рӯ ба рӯйи мо дивизияи СС-и руминҳо ва немисҳо меҷангид. Муҳориба шадид буд, аскарони мо, ки аллакай бартарият дар дасташон буд, бо тамоми қувва ҷангида пеш мерафтанд. Армияи муштараки немисҳо ва руминҳо ба ин тоб наоварда таслим шуд. Қариб 25 дивизияи немисҳо торумор гашт. Аз 23 августи соли 1944 озод кардани Руминия шурӯъ шуда, 31 августи соли 1944 шаҳри Бухарест баъд аз муборизаҳои шадид аз дасти фашистон озод карда шуд. 8 сентябри соли 1944 фронти 3-юми Украина бо сардории маршал Толбухин шаҳри Софияро озод намуд.
Муҳаммадҷон Нидоев, ки панҷ сол азияти ҷангро кашида буд, бо 26 ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз  гардидааст.

Сайидхоҷа АЛИЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2020    №: 88    Мутолиа карданд: 43
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед