logo

иҷтимоиёт

ОХИРИ СОЛИ 1945 БУД... Ё КОРНОМАИ ҶАНГИИ ТОҶИКПИСАРЕ, КИ 9 ҲАЗОР ЗИНДОНИРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД

Ҷанг бар зидди Германияи фашистӣ идома дошт. Дар ин набардҳо эскадрони 3 - юми полки 62 – юми гвардиягии Фронти якуми Белоруссия, ки ба он фарзанди қаҳрамони халқи тоҷик Сайдаҳмад Каримов роҳбарӣ мекард, мавқеи бузургро доро буд. Рӯзи 27 апрел, соати 8 – и пагоҳӣ, ба эскадрон хабар расид, ки дар ҳамин наздикӣ зиндони калоне ба номи Бранденбург – Герден воқеъ аст ва дар он қариб 9 ҳазор зиддифашистон ҳабс буда, барои бо дастгоҳҳои барқӣ куштани онҳо лаҳзаҳои башумор мондааст.
Дар он воҳид бо супориши Сайдаҳмад Каримов айёрони эскадрони ӯ ин вазъиятро омӯхта, ба командир хабар доданд. Лаҳзаҳои мудҳиш буд. Агар аз вақт истифода намешуд, кор аз кор мегузашт. Сайдаҳмад фавран ба командири полк Маркарян тавассути ратсия хост алоқа барқарор карда супориш гирад. Аммо… Агар бе супориши боло эскадрон ба ҳуҷум гузарад, ин ҳам хилофи қонуну қоидаи ҳарбӣ аст…
Мӯйсафеде, ки ин хабарро расонда буд, фавран ҳамаи нозукию роҳҳои озодкунии ин зиндонро ба командир ва аскарони ӯ фаҳмонд. Эскандрони Сайдаҳмад Каримов ба ҳуҷум гузашт. Худи ӯ дар танки «Т – 34, бо рақами 35», ки то имрӯз дар назди дарвозаи ин зиндон чун ёдгории таърихӣ гузошта шудааст, бо танкчӣ Константин Захаров савор буд. Дарвозаи зиндон шикаставу зиндонбонон фавран маҳв шуданд. Сайдаҳмад Каримов бо ҳайати эскадронаш бо сарбаландӣ асирони зиддифашистиро аз марг наҷот дода, аз зиндон озод намуд.
Сайдаҳмад Каримов дар озодкунии ин зиндон мисли дигар набардҳо корнамоӣ ва қаҳрамонии бемисл нишон дод. Ин буд, ки барои корнамоиҳояш дар озодкунии зиндони Бранденбург - Гердени Германия бо ордени Суворов дараҷаи 3 мукофотонда шуд. Ордене, ки онро ҳангоми қаҳрамониҳои зиёд ба қумандонҳои баландрутбаи ҳарбӣ (аз полковник боло) медоданд. Сайдаҳмад Каримов унвони лейтенанти калон дошт.
Бо гузашти солҳо зимнан китоби Мех Франсел, Вилгелм Тиле ва Артур Минбар ба номи «Разурванное окобы» дар ҳаҷми қариб ҳазор саҳифа ба табъ расид, ки яке аз қаҳрамонҳои асосиаш Сайдаҳмад Каримов ба ҳисоб меравад.
Соли 1980 киностудияи «Тоҷикфилм» филми ҳуҷҷатиеро дар бораи Сайдаҳмад Каримов ва вохӯриҳои ӯ ба маҳбусони зиндони Бранденбург – Герден (дар Германия) ба навор гирифт. Ин филм дар шаҳри Москва дар фестивали ба номи «Ҳаёти мамлакати мо» дар кинотеатрҳои калонтарини шаҳри Москва - «Россия» ва «Октябр» гузашт, ки дар бораи корнамоиҳои ҷангии иштирокчии фаъоли ҶБВ Сайдаҳмад Каримов нақл карда, солҳои ҷанг, озодкунии маҳбусони ҳабсхонаҳои Бранденбург – Герденро дар бар мегирад.

Амир Сайиди МУНКӢ, ноҳияи Ховалинг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2020    №: 88    Мутолиа карданд: 47
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед