logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ ЗАН БОСАВОД АСТ...

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тамоми шароити ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро фароҳам оварда, ҷалби бонувонро ба мақомоти давлатӣ яке аз самтҳои сиёсати дохилии худ қарор дод. Хушбахтона, имрӯз дар ҷумҳурӣ соҳае нест, ки занону духтарон дар он шуғл наварзанд. Тавре дар Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, имрӯзҳо дар соҳаҳои маориф 73, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 ва фарҳанг 51 дарсад занону бонувон фаъолият менамоянд.

Пешвои миллат зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи Модар аз саҳми арзандаи занон дар рушди маориф ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки имрӯз беш аз 82000 бонуи тоҷик касби бошарафи омӯзгориро ба уҳда дошта, дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар саҳми арзанда мегиранд. Занони боиродаи тоҷик ҳатто дар дурдасттарин деҳоти кишвар ба сифати таҳсилот диққати ҷиддӣ дода, баробари волидон дар тарбияи хонандагон ҳиссагузоранд.
Солҳои охир майли духтарон ба таҳсил ва гирифтани маълумоти олии касбӣ торафт меафзояд. Ҳоло қариб 150 ҳазор ҷавондухтар машғули омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ мебошанд. Аз оғози таъсиси Квотаи президентӣ то соли хониши 2019 - 2020 зиёда аз 11 000 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кишвар бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, беш аз 10 000 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардиданд, ки ҳоло дар соҳаҳои гуногун фаъолияти босамар доранд. Илова бар ин, сафи духтарони тоҷик, ки дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба 12300 нафар расидааст. Воқеан ҳам, иқдом дар самти таъсиси Квотаи президентӣ арзандаи ситоиш ва қадрдонии зиёд аст. Зеро духтарони деҳоти дурдаст имкон пайдо карданд, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шуда, дар беҳтарин шароит касб омӯзанд ва ба деҳоти худ баргашта, ба халқу Ватан хизмат намоянд.
Ғамхорӣ ва таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон бори дигар бонувон, хусусан омӯзгоронро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри ин дастгириҳо расида, минбаъд барои донишандӯзии духтарон, тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву давлатӣ бештар ҳиссагузор бошанд. Зеро танҳо зани соҳибмаърифату тарбиятдида метавонад фарзанди неку арзандаи ҷомеаро ба камол расонад. 

Саодат АХМЕДОВА, омӯзгор, ноҳияи Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2020    №: 91    Мутолиа карданд: 61
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед