logo

иқтисод

КИРМАКПАРВАРӢ. ХАТЛОН ПЕШСАФ АСТ

Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз соҳаҳои сердаромаду афзалиятнок ба ҳисоб рафта, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани  иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ маъракаи кирмакпарварӣ идома дорад. Чунонки  Назиршо Назаров, муовини директори ҶСК «Пиллаи тоҷик», иброз дошт, тухми кирмак бо назардошти шароит ва имкони сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ тақсим карда мешавад. Имсол мавсими кирмакхобонӣ дар вилоятҳои Хатлон аз 16 март, Суғд аз 27 март ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 31 март оғоз ёфт.
То 1 апрели соли равон ба ноҳияҳои Қубодиён, Ёвон, Ҷ. Балхӣ, Шаҳритуз, Кӯшониён, Вахш, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Данғара, Фархор, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалики вилояти Хатлон 15 ҳазору  682 қуттӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Б. Ғафуров, Ашт, Ҷ. Расулов, Спитамен, Деваштичи вилояти Суғд 7 ҳазору 428 қуттӣ тухми кирмак дастраси кирмакпарварон гардонда шуд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ танҳо дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав тухми кирмак тақсим карда шуд. 
Боду ҳавои номусоид ва боришоти аз меъёр зиёди борону барф, ки дар баҳори имсола ба назар расид, ба кори кирмакпарварон бетаъсир намонд. Аз сабаби сардӣ кирмакхобонӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар ба таъхир афтод. Ҳамин аст, ки дар минтақаи Рашт, шаҳрҳои Истаравшану Панҷакент (қисман) ва ноҳияи Айнӣ тухми кирмакро сари вақт нахобонданд.
Дар мавсими имсола кирмакпарварони вилояти Хатлон  пешсафанд. Ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Қубодиён, Ёвон, Шаҳритуз, Кӯшониён, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Вахш, Н. Хусрав, Хуросон, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор нахустин шуда, ба ҷамъоварии пилла шурӯъ намуданд.
Имсол бо мақсади ҳавасмандӣ ва дастгирии кирмакпарварон пешқадамон бо мукофотҳои арзишнок қадр карда мешаванд. Инчунин, ҳаққи хизмати онҳо дар сари тарозу дода мешавад. Ба кирмакпарварон соли ҷорӣ барои истеҳсоли як кило пилла 10 сомонӣ нарх муайян гардидааст.
- Бо мақсади барқарорсозӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ дар мамлакат, таъмин намудани кирмакпарварон бо тухмии хушсифат, ба кори мавсимӣ ҷалб намудани сокинон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пилла, мустаҳкам намудани заминаи хӯрокаи кирмак ва таъмин кардани корхонаҳои саноати абрешим бо ашёи хоми хушсифат «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2024» - ро тарҳрезӣ намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намудем. Дар ҳолати дастгирӣ ёфтан ва тасдиқ гардидани барномаи мазкур бовар аст, ки соҳа рӯ ба беҳбудӣ меорад ва мушкилиҳои мавҷуда ҳалли худро меёбанд, - гуфт Назиршо Назаров.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2020    №: 92    Мутолиа карданд: 54
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед